ҲУКМИ БОЗДОШТИ ҲУСНӢ МУБОРАК СОДИР ШУД
Телевизиюни давлатии Миср аз судури ҳукми боздошти 15-рӯзаи Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср аз сӯйи додситони кулли ин кишвар хабар дод. Додситонии Миср гуфтааст, ки таҳқиқот дар бораи иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи оқои Муборак дар бораи фасоди иқтисодӣ ва сӯйиистифода аз қудрат дар тӯли даврони боздошти Муборак идома хоҳад дошт.
Ҳуснӣ Муборак, ки дар ҷараёни посух додан ба суолҳои додситонӣ дар бораи иддаъоҳои матраҳшуда дар бораи фасоди иқтисодиаш, дучори ҳамлаи қалбӣ шуда буд, алон дар бемористон бистарӣ аст. Пеш аз ин ҳукми боздошти Ало ва Ҷамол, ду писари Ҳуснӣ Муборак ҳам содир шуда буд.
Ба гузориши телевизиюни давлатии Миср, баъд аз бозҷӯйии ду писари Ҳуснӣ Муборак аз тарафи пулис ва ба иттиҳоми ихтилосва фасоди иқтисодӣ, ҳукми боздошти онҳо ба муддати 15 рӯз содир шуд. Ҷамол, писари кучактар, пеш аз ин ба унвони ҷонишини эҳтимолии Ҳуснӣ Муборак барои ба уҳда гирифтани раёсати ҷумҳурии Миср шинохта мешуд.
Ба дунболи интиқоли Ҳуснӣ Муборак ба бемористон, гузоришҳои мутафовите дар бораи вазъияти ӯ мунташир шуд. Телевизиюни давлатии Миср гузориш дод, ки ӯ дар ҷараёни бозҷӯйиҳо дар бораи фасоди иқтисодӣ, дучори ҳамлаи қалбӣ шудааст, вале дар гузоришҳои дигар омадааст, ки ҳоли ӯ он қадар хуб буд, ки битавонад ба суолҳои бештаре посух диҳад.
Ба гузориши расонаҳои давлатии Миср, оқои Муборак ба бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Шармушшайх мунтақил шуда ва мудири ин бемористон гуфта буд вазъияти оқои Мукборак, ки 82 сол дорад, таҳти кунтрул аст.
Бо интишори хабари бистарӣ шудани оқои Муборак хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гузориш дод, ки иддае дар эътироз ба ҳузури оқои Муборак дар берун аз бемористон таҷаммуъ карда ва плокордҳое ба даст доранд, км рӯйи он навишта: "Қассоб инҷост". Ҳуснӣ Муборак 11 феврал ба дунболи 18 рӯзи эътирози мардумӣ пас аз 31 сол аз симати худ истеъфо дод ва гуфта шуд, ки ӯ ба Шармушшайх рафтааст.
Ало ва Ҷамол, ду писари Ҳуснӣ Муборак, ки алон дар боздошт ҳастанд, пеш аз ин таҳти таъқиби қазоӣ қарор доштанд ва дар дафтари додситонии Синои Ҷанубӣ, ки пештар оқои Муборак эҳзор шуда буд, ба суолоти додситон посух доданд.
Бар асоси гузоришҳо, замоне ки писарони Ҳуснӣ Муборак таҳти бозҷӯйӣ буданд, ҳудуди ду ҳазор нафар дар мқобили маҳалли бозҷӯйии онҳо таҷаммуъ карда буданд. Онҳо замоне ки худрави пулиси ҳомили писарони Ҳуснӣ Муборак дар ҳоли интиқолашон барои боздошт буд, ба самти ин худрав санг партоб карданд. Таҷаммуъкунандагон хоҳони боздошти ин ду нафар буданд.
Раиси ҷумҳури пешини Миср соли гузашта дар Олмон таҳти амали ҷарроҳии кисаи сафро қарор гирифт ва гузоришҳое дар бораи вазъияти ҷисмии бади ӯ мунташир шуд, ки тавассути дастёронаш ин хабарҳоро такзиб карданд.
Яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ мегӯяд пизишкон аз Шӯрои низомиён тақозо карданд ба оқои Муборак иҷоза дода шавад барои муъолиҷа муҷаддадан ба Олмон эъзом шавад, аммо бо ин дархост мувофиқат нашудааст. Оқои Муборак, писарони ӯ ва ҳамсарони онҳо дар ҳоли ҳозир ҳаққи хуруҷ аз Мисрро надоранд ва амволашон тавассути давлат масдуд шудааст. Ӯ тамоми иттиҳомҳо алайҳи худро рад кардааст.
Би-Би-Си