МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД БА АРАБИСТОН ҲУШДОР ДОД
Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, бо ҳушдор ба Арабистони Саъудӣ барои фиристодани нерӯҳои низомӣ ба Баҳрайн, баёнияи Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс алайҳи Эронро фоқиди арзиши ҳуқуқӣ хонд.
Вазирони хориҷаи кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс рӯзи якшанбе пас аз нишасти изтирории Риёз бо судури баёнияи муштараке аз он чи дахолати Эрон дар умури дохилӣ ва тавтеъачинӣ алайҳи амнияти миллии худ хонданд, башиддат интиқод карданд. Раиси ҷумҳурии Эрон тасвиби ин баёнияро таҳти фишорҳои сиёсии Омрико ва муттаҳидони ин кишвар хонд ва гуфт: "Арабистон бояд муроқиб бошад. Омрикоиҳо бевафотарин дӯстон ҳастанд."
Оқои Аҳмадинажод фиристодани нерӯҳои низомӣ тавассути Арабистон ба Баҳрайнро "зишт" хонд ва ин корро ба ҳамлаи низомии Ироқ ба Кувейт ва Эрон муқоиса кард. Ӯ ҳамчунин хоҳони хуруҷи нерӯҳои Арабистони Саъудӣ аз Баҳрайн шуд.
Оқои Аҳмадинажод гуфт: "Албатта давлати Баҳрайн кори зиште кард, ки мардуми худро кушт. Мардум мутолиботе доранд, лизо давлати ин кишвар бояд ба ҳарфҳои онҳо гӯш дода ва ба онҳо эҳтиром гузошта ва бо мардуми худ ҳамкорӣ кунад."
Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар баёнияи худ Эронро ба ташдиди иғтишош дар кишварҳои ҳамсоя ва иқдом алайҳи амнияти миллии онҳо муттаҳам карда буд. Пештар Козим Ҷалолӣ, сухангӯйи кумиссиюни сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон, баёнияи Шӯрои ҳамкории халиҷи Форсро "эҳсосӣ" хонда ва ҳар гуна иттиҳоми дахолати Эрон дар умури дохилии ҳамсоягонашро рад кард.
Оқои Аҳмадинажод ҳамчунин бо интиқод аз сиёсатҳои Омрико дар минтақа гуфт, к Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо корномае "сиёҳтар" аз Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар, давраи худро тамом хоҳад кард.
"Инқилобҳои мардумӣ"
Раиси ҷумҳурии Эрон дар нахустин нишасти хабарии худ дар соли ҷадид зимни маҳкум кардани дахолати низомии байналмилалӣ дар Либӣ, гуфт Эрон аз рӯзи аввал бархӯрд бо "мардум ва инқилобҳои мардумӣ" дар минтақаро маҳкум кардааст. Ӯ гуфт: "Он давлате, ки миллати худро саркӯб мекунад, шонси ҳаёти дубора надорад."
Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин дар посух ба саволе дар бораи назари Эрон нисбат ба таҳаввулоти Сурия, ин кишварро "дӯсти самимии" Эрон хонд ва гуфт Эрон дар умури дохилии дигар кишварҳо дахолат намекунад. Оқои Аҳмадинажод дар посух ба суоле дар бораи лағви даъвати подшоҳи Урдун ба Эрон гуфт, ки худи ӯ шахсан подшоҳи Урдунро ба Эрон даъват карда ва подшоҳи Урдун ин сафарро ба таъвиқ андохт.
Аҳмад Таваккулӣ ва Алиризо Зоконӣ аз намояндагони Теҳрон ва Ҳашматуллоҳ Фалоҳатпеша намояндаи Исломободи Ғарб дар Маҷлис, аз эҳтимоли ҳузури подшоҳи Урдун дар Эрон интиқод карда буданд ва анҷоми онро хилофи таҳаввулоти минтақа хонда буданд. Ба гузориши хабаргузории ИРНО, нишасти хабарии раиси ҷумҳурии Эрон бо ҳузури сесад хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ баргузор шуд.
Би-Би-Си