ДАРГИРИҲОИ ПАРОКАНДА ДАР ХИЁБОНҲОИ ТЕҲРОН
Гузоришҳо аз ҳузури густардаи нерӯҳои амниятӣ дар манотиқи марказии шаҳри Теҳрон ҳикоят дорад ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки даргириҳое миёни нерӯҳои амниятӣ ва либоси шахсӣ бо муътаризон рух додааст. Банобар бархе гузоришҳо дар майдонҳои Имом Ҳусайн, Инқилоб, Фирдавсӣ ва чаҳорроҳи Ҷамолзода даргириҳое рух дода ва нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани муътаризон аз гози ашковар истифода кардаанд.
Саҳом неюз сойти наздик ба Меҳдии Каррубӣ гузориш дода, ки даргириҳое дар ҳаволии хиёбони Озодӣ рух дода ва пулис ба самти касоне, ки шиъори "ё Ҳусайн, Мирҳусайн" ва "ё Меҳдӣ, шайх Меҳдӣ" медоданд, ҳамла кардааст. Аз фалакаи Содиқия низ гузориш шуда, ки нерӯҳои зиддишуриш бо мардум даргир шудаанд ва ба самти онҳо гози ашковар шиллик кардаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд таҷаммуъҳои парокандае аз муътаризон дар манотиқи марказии ин шаҳр шакл гирифтааст.
Сойти Калима, ки дидгоҳҳо ва назароти Мирҳусайни Мусавиро мунташир мекунад гузориш дода, ки ҷамъияти зиёде қадамзанон дар пиёдаравҳо ба самти хиёбони Инқилоб дар ҳаракат ҳастанд. Банобар ин гузориш бештарин таҷаммуъот дар маҳдудаи донишгоҳи пулитахник ва чаҳорроҳи Валиасар гузориш шудааст. Майдони Валиаср, чаҳорроҳи Валиаср, хиёбон ва майдони Инқилоб, майдони Имомҳусайн ва майдони Озодӣ мамлу аз нерӯҳои амниятӣ ва горди вижа аст.
Ба навиштаи Калима дар бузургроҳи рисолат низ нерӯҳои зиддишуриш мустақар шудаанд ва далели он зоҳиран ба хотири интишори хабари интиқоли Мусавӣ ва Каррубӣ ба зиндони Ҳашматия аст, ки дар яке аз хиёбонҳои мунтаҳӣ ба утубони Рисолат воқеъ аст. Бархе гузоришҳо аз истиқрори нафарбарҳои шаҳрии тозае дар бархе нуқоти шаҳри Теҳрон ҳикоят дорад, ки то пеш аз ин дида нашуда буд. Як шоҳиди айнӣ ба Бибисӣ гуфта, ки дар бархе манотиқи шаҳр ба далели вуҷуди теъдоди зиёди нерӯҳои мусаллаҳ дар хиёбон имкони ташкили таҷаммуъ маҳдуд шуда ва утумубилҳо ба шакли эътирозӣ буқи мумтад мезаданд.
Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки аз мағозадорони манотиқи марказии Теҳрон аз ҷумла аз мағозаҳои атрофи донишгоҳи Теҳрон ва хиёбони Каримхон хоста шуда то имрӯз зудтар маҳалли касби худро таътил кунанд. Ин таҷаммуъ ба дархости "Шурои ҳамоҳангии роҳи сабзи умед" дар эътироз ба ҳасри хонагӣ ва боздошти Мирҳусайни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ аз раҳбарони мухолифони давлат баргузор мешавад. Хабари боздошти Мусавӣ ва Каррубӣ ва ҳамсаронашон рӯзи душанбе, 28 феврал мунташир шуд
Рӯзи гузашта, 28 феврал сойти Калима, ки дидгоҳҳои оқои Мусавиро мунташир мекунад, гузориш дод, ки оқоён Мусавӣ ва Каррубӣ, ки муддате дар ҳасри хонагӣ буданд, дастгир шуда ва ба зиндони Ҳашматияи Теҳрон мунтақил шудаанд, ки дар наздикии вазорати дифоъ қарор дорад. Ба гузориши ин сойт бздошти ин чаҳор нафар ва интиқоли онҳо ба зиндон қатъӣ аст, аммо замони дақиқи интиқолашон ба зиндон мушаххас нест.
Баъд аз интишори хабари боздошти сарони мухолифони давлат мақомоти расмии Эрон сукут ихтиёр карда ва то кунун вокунише нисбат ба он нишон надоданд, то он ки Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоия дар гуфтугӯ бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон гуфт, ки "ахбори мунташиршуда аз суи бархе расонаҳои муъонид мабнӣ бар интиқоли оқоён Мусавӣ ва Каррубӣ ба боздоштгоҳи Ҳашматия сиҳат надорад." Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон боздошти раҳбарони мухолифонро масъалаи дохилӣ хонда ва гуфт, ки ҳеҷ кишваре иҷоза надорад дар он дахолат кунад."
Ба гуфтаи оқои Меҳмонпараст "ба масоили марбут ба афрод дар дохили кишвар мо дар чорчӯби ҳуқуқӣ ва тавассути мақомоти қазоӣ расидагӣ мешавад ва ин мавзуъ наметавонад дастовезе барои Омрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ бошад." Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон қудратҳои ғарбиро ба "фарофиканӣ" муттаҳам карда ва гуфта, ки ин кишварҳо саъй доранд бо иваз кардани масъала "таваҷҷуҳи афкори умумиро ба мавзуъоти ғайривоқеъӣ инҳироф диҳанд."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4558-dargirihoi-parokanda-dar-khiyobonhoi-tehron.html