08:09:51 01-уми Июли 2025 сол

ИДОМАИ ТАЗОҲУРОТИ ЗИДДИ МУБОРАК ДАР ҚОҲИРА

Ҳазорон муътаризи мисрӣ шаби гузаштаро дар майдони Таҳрир, дар маркази Қоҳира сипарӣ карданд. Мухолифони Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Миср, рӯзи ҷумъаи 4 феврал низ дар як гирдиҳамоии азим дар ин майдон хостори истеъфои ӯ шуданд. Бо фаросарии шаб ва торикӣ муътаризон парчамҳои худро такон медоданд ва овозҳои маҳине мехонаданд.

 

departure_dayДар Искандария низ ҳазорон нафар бори дигар даст ба тазоҳурот заданд ва хоҳони барканории Ҳуснӣ Муборак шуданд. Рӯзи шанбе, дувоздаҳумин рӯз аз нооромиҳо дар Миср аст ва бо вуҷуди муқаррароти манъи омаду рафт, мухолифон ҳамчунон дар хиёбонҳо мондаанд. Аммо яке аз фаъолони мухолифи ҳукумати оқои Муборак ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки ҳузури мӯътаризон дар майдони Таҳрири Қоҳира мумкин аст коҳиш пайдо кунад, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа таҷаммӯъҳои бузург баргузор шавад ва бақияи авқот, таъдоди камтаре дар майдон бошанд.

 

Ин фард ба Би-би-сӣ гуфт, вақти он аст, ки мармуд ба сари кор ва зиндагишон баргарданд. Ҳамзамон бо идомаи эътирозҳо, аломатҳое аз пешрафтҳо дар созмондиҳии раванди интиқоли қудрат дар Миср ба чашм мехурад. Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, ки хостори дар назар гирифта шудани як давраи интиқолӣ аз ҳамин ҳоло аст, гуфтааст, музокироте дар ин маврид дар Миср ҷараён дорад. Мақомҳои омрикоӣ низ мегӯянд, фазои музокирот дар ин замина ба шакли қобили таваҷҷӯҳе пешрафт кардааст.

 

Қарор аст аъзои гурӯҳҳои мухолиф ва муъовини раиси ҷумҳурии Миср бо ҳам дидор кунанд. Ихвон-ул-муслимин қарор нест дар ин музокирот ва дидор ширкат кунад, аммо ба гуфтаи яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ, баъд аз чанд рӯзи бунбаст, ин як иқдоми қобили таваҷҷӯҳ аст. Борок Убомо аз Ҳуснӣ Муборак хостааст, ки барои поён додан ба чанд ҳафтаи нооромӣ “тасмими саҳеҳро иттихоз кунад.”

 

Оқои Убомо бо таъкид бар ин ки ояндаи мардуми Мисрро мардуми ин кишвар таъйин мекунанд, хоҳони оғози фаврии раванди интиқоли қудрат дар Миср шуд. Ӯ рӯзи ҷумъа дар конфаронси хабарии муштарак бо Стефан Ҳарпер, нахуствазири Конодо дар Вошингтун ин мавзӯъро баён кард. Оқои Убомо ба таври сареҳ хоҳони канорагирии фаврии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Миср нашуд, аммо гуфт: “Танҳо чизе ки муъасир воқеъ хоҳад шуд, як раванди муназзами интиқоли қудрат аст, ки алон шурӯъ шавад.”

 

Ин дар ҳолест, ки Аҳмад Шафиқ, нахуствазири Миср мегӯяд, Ҳуснӣ Муборак амалан канорагирӣ карда, аммо рафтанаш замон мехоҳад. Раҳбари Миср мегӯяд, ки ӯ ё писараш дар интихоботи моҳи сентябр ширкат нахоҳанд кард, аммо қасд дорад, ки то он замон барои ҷилавгирӣ аз “ҳарҷу марҷ” зимоми умурро дар даст дошта бошад. Мӯътаризон дар хиёбонҳои Қоҳира хоҳони канорагирии фаврии Ҳуснӣ Муборак ҳастанд ва бисёрӣ ҳам мегӯянд, ки вай бояд кишварро тарк кунад.

 

Борок Убомо гуфт, Омрико наметавонад ояндаи Миссро таъйин кунад ва афзуд: “Ҳақиқат ин аст, ки мушкилоти Миср бо хушунат ва саркӯб ҳал намешавад.” Ӯ аз хушунат алайҳи рӯзноманигорон, фаъолони ҳуқуқи башар ва тазоҳуркунандагон интиқод кард ва ҳукумати Мисрро масъули ҳифозат аз мардум донист. Нахуствазири Конодо гуфт, ки мардуми Миср худ бояд дар бораи ояндаи ин кишвар тасмим бигиранд ва ибрози умедворӣ кард, ки дар ин кишвар демукросии мубтанӣ бар арзишҳои ҷаҳонӣ, монанди ҳуқуқи башар ва эҳтиром ба ҳуқуқи ақаллиятҳо эҷод шавад.

 

Аҳмад Шафиқ, нахуствазири Миср рӯзи ҷумъа гуфт, ки оромиш ва субот бояд дар кишвар эҳё шавад. Оқои Шафиқ ба Би-би-сӣ гуфт, ки 70 дарсади талаботи муътаризон бароварда шуда ва тасмими Ҳуснӣ Муборак барои ширкат накардан дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, амалан ба маънои канорагирии ӯ аз қудрат аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4356-idomai-tazohurot-dar-misr.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ