08:28:33 02-уми Июли 2025 сол

МУБОРАК ФИРОР КАРД, ВАЛЕ ҲОЛО ҶАМОЛ

Тоҷикистониён, аз рафтан ба Миср худдорӢ кунед!

 Депортаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсии ба амаломада дар Ҷумҳурии Мисри Араб, ба вижа дар пойтахти он шаҳри Қоҳира ва дигар шаҳрҳои ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки бинобар муташаниҷ гардидани вазъият, барои чанд муддат ба Мисри араб сафар накунанд.

 

husni mubarakВазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мақомоти дипломатии кишвар дар Мисри араб дастур додааст, ки ба шаҳрвандони тоҷик, ки наздик ба 1000 нафар дар ин кишвар ба сар мебаранд, тавсия намояд, то ба эътидол омадани вазъият дар Миср, аз сафарҳои сайёҳӣ ва ҳамроҳ шудан ба ҷамъи тазоҳуроткунангон худдорӣ биварзанд. Вазъият дар Мисри араб шурӯъ аз 25-01-2011 то кунун ноором боқӣ мемонад. Мардуми ин кишвар зимни тазоҳуроти худ аз ҳукумати кишварашон талаб кардаанд, ки бинобар душвор гардидани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ҳукуматро ба таври одилона идора накардан, бояд аз симмати худ истифо диҳанд ва низ хоҳони он шудаанд, ки раиси ҷумҳури Миср, Ҳусни Муборак, баъд аз ҳукумати сисолааш, мардумро ба ҳоли худ гузошта, кишварашро тарк кунад…

 

Вазири корҳои дохила аз Миср бадарға шуд

28-уми моҳи равон Ҳусни Муборак, ҳукумати кишварашро лағв кард ва собиқ Вазири амнияти Миср, Умар Сулаймонро ноиби худ таъин кард. Мардум аз Муборак на танҳо тағйири кобинаи ҳукуматро интизор доштанд, балки хурӯҷи ӯро аз кишвар низ талаб карда буданд. Аз ин ҷиҳат ин тағйирот мардумро ором карда натавонист. Чунки Муборак, низ дар соли 1981 ноиби собиқ президент, Анвар Содот буд ва бо роҳи низомӣ қудратро ба даст гирифта буд. Аз он ки Умар Сулаймон, чашму гӯши Муборак унвон мешавад, мардум нисбат ба омадани ӯ хушбин нестанд.

 

Зеро тибқи сарқонуни Миср, дар сурати марг ва ё ба истеъфо рафтани президент, ноиби раиси ҷумҳур кишварро идора мекунд. Ба ҳамин хотир, тазоҳуроти мардум рӯз то рӯз меафзояд. Илова бар тазоҳуроткунандагон садҳо зиндонӣ низ баъд аз задухӯрд бо мақомоти интизомии ин кишвар аз зиндонҳои Миср фирор кардаанд ва дар натиҷа беш 175 нафар кушта ва наздик ба 200 каси дигар захмӣ шудааст. Артиши Миср аз замин бо истифода аз тонку тӯпи худ ва аз осмон тавассути чархболҳои низомӣ мардумро назорат мекунанд то баъзе аз харобкорон даст ба молу дороиҳои мардум ва ҳукумат дароз накунанд.

 

Ба иттилои Алҷазира, шоми 30-01-2011 бинобар муҳосира гардидани вазорати корҳои дохилии Миср, Ҳабиб Ал-Одилӣ, вазири дохилии кишвар, аз Миср бадарға шуд. Дар ҳамин ҳол ҷамоати “Ихвонулмуслимин”-и Миср, барои нигоҳубини калисоҳои насрониён гурӯҳҳои муҳофизи махсуси худро танзим намудааст то нагузоранд, касе ба онҳо осеб расонад.

 

ҚарзовӢ: «Муборак, аз Миср хориҷ шав!»

Юсуф Қарзовӣ, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, дар гуфтӯи ихтисоӣ бо телевизиони Алҷазираи Қатар, хитоб ба мардум, артиш, низом ва ҳокими Миср гуфт: «Ба миллати Миср, ки қиёми муборакеро алайҳи фасод дар кишвар оғоз кардааст табрик мегӯям. Онҳо бо чашмони худ мебинанд, ки чӣ касон иддае аз сарватҳои ононро ба худ ихтисос додаанд. Мардум бо ин роҳпаймоиҳо ва тазоҳурот ба ин афрод «На» гуфтанд. Онҳо аз хонаҳои худ ба хиёбонҳо рехтанд ва ҳеч силоҳе низ дар даст надоранд ва мегӯянд, ки намехоҳанд ба ин зиндагӣ хиффатбор идома диҳанд, онҳо иззат ва каромат мехоҳанд, аммо мутаассифона ба иқдомот ва ҳамлаҳои нерӯҳои амниятӣ рӯ ба рӯ шуданд».

 

Вай дар идома гуфт: «Аз артиш мехоҳам аз Миср ҳифозат кунад, аз артиш намехоҳам ҳукуматро ба даст бигирад, зеро намехоҳем бори дигар ҳукумати низомие дар ин кишвар ҳоким шавад. Аз артиш мехоҳем дар ин нооромиҳо ба касе таъарӯз накунад ва аз дур муроқиби авзоъ бошад».

 

Қарзовӣ хитоб ба низоми Миср ва Муборак гуфт: «Хеле мутаассифам, ки мебинам ин низом нобиност ва чашмон ва гӯшҳои худро боз намекунад то бубинад ва ҳамоқати худро канор намегузорад, то бифаҳмад. Хеле мунтазири суханони Муборак будем, вале ӯ ба гуна сухан гуфта, ки гӯё дар дунёе ғайр аз дунёи мо зиндагӣ мекунад ва он чиро дар хиёбонҳои Миср иттифоқ меафтад, намебинад ва дарк намекунад ва куштаҳо ва захмиҳо ва ранҷҳои ин мардумро намебинад ва эҳсос намекунад».

 

Қарзовӣ бо лаҳни шадид ба Муборак гуфт: «Мехоҳам аз Миср хориҷ шавӣ, сӣ соли ҳукумат бас аст. Ба ин мардум раҳм кун ва пеш аз он ки Миср бештар хароб гардад, бо ду пои худ ҳукуматро тарк кун ва аз кишвар хориҷ шав. Ман инро аз ҷониби тамоми уламои Миср ва ҷаҳони ислом мегӯям. Аз Миср хориҷ шав!»

 

Овозаҳо дар бораи итеъфои Муборак

Пойгоҳи хабарии фаластинӣ “Ҳалло” ба нақл аз манобеъи огоҳи худ эълом кардааст, ки дар пайи фишори эътирозҳои мардумӣ Ҳуснӣ Муборак, истеъфои худро эълон хоҳад кард. Ҳамзамон,бино ба гузориши пойгоҳи хабарии “SNS”, манобеи огоҳи наздик ба Ҷунбиши “Ҷавонони 6 октябр” эълом карданд, ки Ҳуснӣ Муборак, хонавода ва наздиконаш ва бархе аз мақомоти мисрӣ аз подшоҳи Арабистон хостаанд то ба шаҳри Ҷиддаи ин кишвар сафар кунанд. Манобеъ меафзояд: “Бисёре аз нерӯҳои амниятии Миср ҳамакнун дар канори мардум қарор доранд ва дастуроти фармондеҳони худро рад мекунанд”.

 

Ин дар ҳолест, ки ин манобеъ мегӯянд: “Ҳуснӣ Муборак аз Аҳмад Фатҳӣ Сурур раиси порлумони Миср хостааст, ки дар сурати тарки кишвар, вай идораи умурро ба даст гирад”.

 

Пеш аз ин, хабарҳое мабнӣ бар фирори Ҷамол Муборак писари Ҳусни Муборак, аз тарси тазоҳуроти эътирозомезе, ки саросари кишвари Мисрро фаро гирифта ва хоҳони тағйир ва ислоҳот аст, ҳамроҳ бо 97 ҷомадон, ба Лондон фирор карда буд. Ҳамакнун ва дар рӯзи “Ҷумъаи Хашм” саросари Мисрро роҳпаймоиҳои эътирозомез фаро гирифта ва тамоми мисриҳо хоҳони сарнагунии режими Муборак ҳастанд.

 

«Алҷазира» душмани Қоҳира?

 Ба гузориши Форс, масъулони мисрӣ дафтари шабакаи телевизионии «Алҷазира»-ро дар Қоҳира бастанд. Телевизиони «Алҷазира» дирӯз 30-01-2011 аз баста шудани дафтари худ дар Қоҳира хабар дод ва афзуд: Масъулони мисрӣ тасмиме мабнӣ бар мӯҳр задани дафтари Алҷазира дар Қоҳира ва тамоми шаҳрҳои Мисрро гирифтанд ва муҷаввази фаъолияти ҳама кормандони ин шабака дар Миср бозпас гирифта шуд. Бисёре аз аъзои ҳизби ҳокими Миср мӯътақиданд, ки телевизиони «Алҷазира» бо пӯшиши ҳаводиси Миср, тазоҳуроткунандагонро ба рехтан ба хиёбонҳо ташвиқ мекунад.

 

Телевизиони «Алҷазира»-и Қатар аз рӯзи ҷумъа то кунун ағлаб барнома ва машрӯҳи ахбори худро ба ҳаводиси Миср ихтисос додаст ва бо бисёре аз шахсиятҳои калидии Миср аз ҷумла раисони аҳзоби мухолифи Муборак ва Ал-Бародаъӣ, Амр Мӯсо ва ҳамчунин шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон мусоҳибаҳо анҷом дода аст. Ин иқдоми шабакаи Алҷазира хашми сарони Мисрро барангехт.

 

Фирори вазирон

Ба дунболи даргириҳо ва эътирозоти мардумӣ, расонаҳои хабарӣ аз фирори масъулони собиқи Миср хабар медиҳанд. Танҳо соате пас аз он ки хабари фирори ду писари Мубарак ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба Лондон таъйид шуд, бархе хабарҳо ҳокӣ аз шиддат ёфтани мавҷи фирори сиёсатмадорон ва сармоядорони наздик ба ҳокими Миср аз кишвар аст. Як рӯз пас аз истеъфо ва суқути давлати Миср бисёре аз вазирони пешини ин кишвар, ки аз дӯстон ва наздикони Муборак будаанд, иқдом ба тарки ин кишвар карданд.

 

Дар ҳамин ҳол пойгоҳи хабарии «Алҷазира» ба нақл аз манобеъи худ гузориш дод, Арабистони Саъудӣ, Урдун ва Лубнон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки парвозҳои муназзамеро ба мақсади Қоҳира тартиб дода то илова бар ихроҷ кардани атбои худ аз ин кишвар, роҳи фирорро барои бархе аз мисриҳое, ки хоҳони хурӯҷ аз кишвар ҳастанд, низ фароҳам кунанд.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4313-2011-01-31-10-37-57.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ