ИДОМАИ ЭЪТИРОЗОТ ДАР МИСР: ДАРХОСТИ ИСТЕЪФОИ МУБОРАК
Гузоришҳо ҳокӣ аз шунида шудани садои тирандозӣ ва партоби гози ашковар барои пароканда кардани мӯътаризон аст. Барои панҷумин рӯз тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Миср идома дорад ва ҳазорон нафар аз мӯътаризон дар маркази Қоҳира гирдиҳам омада ва хостори барканории Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии ин кишвар, шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки оқои Муборак шаби гузашта давлати нахуствазир Аҳмад Назифро барканор карда ва тасмим гирифтааст рӯзи шанбе аъзои давлати ҷадиди ин кишварро таъйин кунад. Бархе аз гузоришҳо ҳокӣ аз шунида шудани садои тирандозӣ ва партоби гози ашковар барои пароканда кардани мӯътаризон аст. Тонкҳои зиреҳӣ ва сарбозони артиш барои ҷилавгирӣ аз пешравии мӯътаризон ба нуқоти ҳассоси пойтахт, аз ҷумла телевизиюни давлатии Миср, эъзом шудаанд.
Воир Девис, хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд тазоҳуркунандагон хоҳони ислоҳоти бунёдин ва сареъ дар кишварашон ҳастанд. Дар пайи шиддат гирифтани нооромиҳо дар Миср оқои Муборак дар як суханронии телевизиюнӣ гуфт дастурулъамалҳои мушаххас ва рӯшане дар мавриди "авлавиятҳои кунунӣ" дар ихтиёри кобинаи ҷадид қарор хоҳад дод.
Дар ошӯбҳои ғайримунтазираи рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехтанд ва бо вуҷуди барқарории муқаррароти манъи омадушуд дар саросари Миср то шаб низ ба тазоҳурот идома доданд. Раиси ҷумҳурии Миср, ки барои нахустин бор аз замони оғози эътирозот бо мардум сӯҳбат мекард, ваъда дод, ки барои ислоҳоти иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ талош мекунад.
Оқои Муборак ҳамчунин аз амалкарди нерӯҳои амниятӣ дар бархӯрд бо мухолифон дифоъ кард ва гуфт мӯътаризон аз озодиҳое, ки ӯ ба онон дода, суиистифода кардаанд. Вай аз ин бобат мӯътаризонро маломат кард. Ҳуснӣ Муборак ҳамчунин ҳушдор дод, ки фосилаи байни ҳарҷу марҷ ва озодӣ як хатти борик аст ва гуфт иҷоза намедиҳад Миср бесубот шавад.
Рӯзи ҷумъа мӯътаризон каме пас аз эъломи барқарории муқаррароти манъи рафтуомад дар Қоҳира дафтари марказии ҳизби демукротики миллӣ, мутаъаллиқ ба Ҳуснӣ Муборакро, ба оташ кашиданд. Ба гуфтаи манобеъи бемористонӣ, дастикам 18 нафар аз мӯътаризон - 13 нафар дар шаҳри Суэз, панҷ нафар дар Қоҳира, дар ҷараёни ҳаводиси рӯзи ҷумъа кушта шудаанд.
Бо ин ҳисоб, аз ибтидои нооромиҳо дар Миср бештар аз 26 нафар кушта шудаанд. Гузоришҳои таъйиднашуда баёнгари маҷрӯҳ шудани ҳадди ақал 1100 нафар аз тазоҳуркунандагон дар нооромиҳои Қоҳира ва шаҳри Суэз аст. Раиси порлумони Миср дақоиқе пеш аз суханронии телевизиюнии оқои Муборак дар гуфтугӯ бо телевизиюни давлатии ин кишвар гуфт, ки авзоъ таҳти кунтрул аст ва раиси ҷумҳурӣ кунтрули авзоъро дар даст дорад.
Ӯ гуфт порлумони Миср рӯзи якшанбе ташкили ҷаласа медиҳад, то вазъи кишварро дар ҳузури Аҳмад Назиф, нахуствазир, баррасӣ кунад. Дар вокуниш ба нооромиҳои Миср Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико, аз давлат ва мухолифон хост, ки аз хушунат парҳез кунанд. Хонуми Клинтун аз давлат хост, ки ба мухолифон иҷозаи баргузории тазоҳуроти мусолиматомезро бидиҳад.
Вазорати умури хориҷаи Бритониё низ аз мақомҳои мисрӣ хост, ки монеъ аз баргузории тазоҳуроти мусолиматомези мардум нашаванд ва барои дст ёфтан ба як роҳи ҳалли сулҳомез бо мӯътаризон вориди гуфтугӯ шаванд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4298-2011-01-29-15-01-14.html