ҲУСНӢ МУБОРАК ХОҲОНИ ИСТЕЪФОИ АҲМАД НАЗИФ ШУД
Дар пайи идомаи нооромӣ дар саросари Миср Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳур, барои нахустин бор аз замони оғози тазоҳурот бо мардуми ин кишвар сӯҳбат кард. Оқои Муборак дар як суханронии телевизиюнӣ ба мардуми Миср ваъда дод, ки барои ислоҳоти иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ талош мекунад.
Ӯ ҳамчунин аз давлати Аҳмад Назиф, нахуствазири ин кишвар, хост истеъфо диҳад ва аз ташкили давлати ҷадид дар рӯзи шанбе хабар дод. Оқои Муборак ҳамчунин аз амалкарди нерӯҳои амниятӣ дар бархӯрд бо мухолифон дифоъ кард. Ӯ ҳушдор дод, ки фосилаи байни ҳарҷу марҷ ва озодӣ як хатти борик аст ва гуфт иҷоза намедиҳад Миср бесубот шавад. Ҳуснӣ Муборак дар ҳоле суханронӣ кард, ки ба рағми эъмоли (иҷрои) муқаррароти манъи рафтуомад дар саросари Миср даргирӣ миёни мӯътаризон ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар Қоҳира идома дорад.
Мӯътаризон каме пас аз эъломи барқарории муқаррароти манъи рафтуомад дар Қоҳира дафтари марказии ҳизби демукротики миллӣ, мутаъаллиқ ба Ҳуснӣ Муборакро, ба оташ кашиданд. Ба гуфтаи манобеъи бемористонӣ, дастикам 18 нафар аз мӯътаризон - 13 нафар дар шаҳри Суэз, панҷ нафар дар Қоҳира, дар ҷараёни ҳаводиси рӯзи ҷумъа кушта шудаанд.
ҲУСНӢ МУБОРАК ВАЪДАИ ИСЛОҲОТИ СИЁСӢ ДОД
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4297-2011-01-29-09-44-17.html