ҲУСНӢ МУБОРАК ВАЪДАИ ИСЛОҲОТИ СИЁСӢ ДОД
Раисҷумҳури Миср пас аз чаҳор рӯзи эътирозҳо дар телевизиони кишвараш зоҳир шуд ва мардумро ба оромиш хонд. Ҳуснӣ Муборак дар ин сӯханронии телевизионияш ислоҳоти густурда дар ҳукуматро ваъда дод ва аз ҷумла гуфт: "Аз давлат хостаам, ки истеъфо диҳад ва фардо давлати нав ташкил хоҳад шуд."
Оқои Муборак дар ин паёми кӯтоҳ эълом кард, ки ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро пеш хоҳад бурд. Вай афзуд, "мо аз роҳи ислоҳот бознахоҳем гашт. Мо ба иқдомоти тозае, ки озодии бештари шаҳрвандонро тазмин кунад, идома хоҳем дод." Ҳуснӣ Муборак, ки кишвараш ба мушкилоти иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунад, ваъда дод, ки бо андешидани чораҳои нав бекорӣ коҳиш пайдо карда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад. Вай гуфт, "мо хоҳони демократияи бештар ва талош барои мубориза бо бекорӣ, фақр ва фасод ҳастем."
Раиси ҷумҳурии Миср тазоҳуроти зиддиҳукуматиро бахше аз "тавтеаи бузургтар"-е донист, ки суботу низоми сиёсии Мисрро ҳадаф қарор додааст. Вай изҳор дошт, ки ба нерӯҳои амниятӣ гуфтааст, мӯътаризон озоданд, ки назарҳои худро баён кунанд, аммо дар баробари хушунат ва тахриби амволи умумӣ аз худ вокуниш нишон диҳанд, то назму амният барқарор шавад.
Тазоҳуроти Миср: Ҳафт кушта ва даҳҳо захмӢ
Ин дар ҳолест, ки дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъа дар Қоҳира даҳҳо нафар захмӣ шуда, аз оғози нооромиҳо то ҳоло 7 тан кушта шудаанд. Дар шаҳри Қоҳира полис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз тирҳои резинӣ, гази ашковар ва мошинҳои обпошӣ истифода кард. Бархӯрд дар назди масҷиде ҳам сурат гирифтааст, ки Муҳаммад Ал-Бародаӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва як пешвои мухолифон барои хондани намози ҷумъа ба онҷо рафтааст. Худи ӯро барои пайвастанаш ба тазоҳургарон боздошт шуд, вале дертар ба озодӣ баромад.
Ҳазорон нафар аз тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ дар саросари Миср бо нерӯҳои амниятӣ бархӯрд карданд, саҳнае, ки тайи 30 соли ахир ҳукумати раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборак шоҳид нашуда буд. Норозиён дафтари ҳизби ҳоким -- Ҳизби миллию демократии Ҳуснӣ Муборакро оташ заданд. Шоми ҷумъа ҷузвутомҳои артиш ба Қоҳира ворид шудаанд.
Ба гуфтаи мақомот аз миёни 28 вилояти Миср дасти кам 11-тои онро тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ фаро гирифтааст. Мисриҳо аз болоравии қимати хона, бекорӣ ва ҳукуматдории худкома ба хашм омадаанд. Дар чандин минтақа шабакаи интернет дастнорас шуда, бо дархости ҳукумат робитаи телефонии мобилӣ қатъ гаштааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4293-2011-01-29-07-26-53.html