11:55:11 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

БОЗДОШТИ 18 НАФАР ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

 

Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, ки дар як моҳи ахир 18 нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои теруристӣ боздошт кардаанд.

Дафтари матбуъотии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи ҷумъаи 17 июл хабар дод, ки панҷ нафар аз ин афрод дар урдӯгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ омӯзиш дидаанд ва ба гуфтаи ин манбаъ бархе аз боздоштшудагон алайҳи нерӯҳои Омрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ҷангидаанд. Бар асоси иттилоъи ин кумита, ин афрод барои гурӯҳҳои теруристӣ мадорики тақаллубӣ омода мекарданд ва барои ин гурӯҳҳо васоили иртиботот, васоили нақлия ва маводи ғазоӣ фароҳам мекарданд.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, мегӯяд, ки дар як моҳи ахир дар бархе аз манотиқи ҷанубии ин кишвар нерӯҳои интизомии қирғиз амалиёти вижаи алайҳи гурӯҳҳои ба гуфтаи онҳо теруристиро анҷом додаанд.

“Парчами сиёҳ”

Дар ҷараёни ин амалиётҳо, ки дар навоҳии Ҷалолобод ва Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, анҷом шуда, як нафар аз нерӯҳои давлатӣ ҷони худро аз даст дода ва се нафари дигар шадидан ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин ҳудуди нуҳ нафар аз афроде, ки мақомоти зидахли қирғиз онҳоро “терурист” хондаанд, дар ин амалиётҳо кушта шудаанд.

Кормандони амниятӣ ҳувияти яке аз афроди кушташударо ифшо кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки бар асоси таҳқиқоти кормандони амниятӣ, Ҳасан Сулаймонов, фардест, ки мақомот мегӯянд дар яке аз урдӯгоҳҳои теруристӣ дар хориҷ омӯзиш дидааст. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки кормандони амниятии Қирғизистон ба онҳо гуфтаанд, ки миллияти бештари афроди боздоштшуда ӯзбак будааст.

Бар асоси иттилоъи мақомоти амниятии Қирғизистон, дар амалиёти вижаи нерӯҳои ин кишвар, аз афроди мусаллаҳ миқдори зиёди силоҳ, аз ҷумла панҷ худкори Калашников, як норинҷакандоз ва миқдоре маводи мунфаҷира кашф ва мусодира шудааст.

Ҳамчунин кормандони амниятӣ аз ин афрод як парчами сиёҳро бо навиштаҷотҳое бо забонҳои арабӣ ва ӯзбакӣ кашф кардаанд. Гуфта мешавад, ки амалиёти ҷустуҷӯйи ҳамдастони дигари ин афрод дар қаламрави Қирғизистон идома доштааст.

Амалиёт дар шарқи Тоҷикистон

Боздошти афроди муттаҳам ба фаъолиятҳои теруристӣ дар Қирғизистон дар ҳоле анҷом шудааст, ки нерӯҳои қудратии Тоҷикистон низ дар шарқи ин кишвар амалиёти поксозии афроди мусаллаҳеро анҷом медиҳанд, ки бо Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон иртибот доранд.

Соҳибназарон дар минтақа мегӯянд, ки ҳаводиси ахири марбут ба сар задани нооромиҳо дар се кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон, ба ҳамдигар муртабит ҳастанд.

Ҳамчунин бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки ин ҳаводис баъд аз ҳушдори яке аз раҳбарони ҷунбиши Толибон дар Афғонистон ба Эрон ва Тоҷикистон дар мантақа оғоз шудааст.

Дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ, Абдул Восеъ Муътасим Оғо, раҳбари Кумитаи сиёсии ҷунбиши Толибон, дар мусоҳибае бо телевизиюни "Алҷазира" гуфта буд, ки Эрон ва Тоҷикистон бояд аз ҳамкорӣ бо Омрико худдорӣ кунанд, дар ғайри ин сурат "амнияти ин кишварҳо бо хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд."

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi