01:49:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

БОҚИЕВ: "ПОЙГОҲ НЕ, МАРКАЗИ ЗИДДИ ТЕРРОР..."

Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гузоришҳои нашршуда дар ин бораро, ки Русия мехоҳад дар қаламрави Қирғизистон пойгоҳи дуввуми низомӣ таъсис диҳад, рад кард. 

Аммо ӯ афзуд, масъалаи таъсиси як воҳиди низомии дигар дар дасти баҳсу баррасӣ қарор дорад, ки нирӯҳои ҳам Қирғизистон ва ҳам Русия аз он ба хотири анҷоми тамринҳои зиддитеррор истифода хоҳанд бурд. Боқиев гуфтааст, ин воҳиди низомӣ метавонад дар Бодканд, ё Ӯш ва ё дар вилояти Ҷалолобод таъсис шавад. 

Яъне дар яке аз он вилоёти воқеъ дар ба истилоҳ “ тасмаи ноамн”-и ҷануби Қирғизистон, ки нигаронии бештари мақомоти амниятии Қирғизистоназ ҳамин манотиқ аст. Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар мусоҳибааш бо рӯзномаи амрикоии "New York Times", ки тавассути телевизиони давлатии Қирғизистон низ нашр шуд, ин хабарҳоро, ки гӯё Бишкек мехоҳад ба Русия барои таъсиси пойгоҳи дуввуми низомиаш иҷозат диҳад, бепоя хонд. 

Аммо оқои Боқиев афзуд, Бишкеку Маскав масъалаи таъсиси як маркази муштараки зиддитерроро баррасӣ доранд. Қурмонбек Боқиев дар мусоҳибааш бо "New York Times" гуфт, ин марказ дар яке аз вилоёти ҷануб – ё Бодканд, ё Ӯш ваё дар Ҷалолобод - таъсис хоҳад шуд: “Ин пойгоҳ нест, ин маркази зиддитеррор аст ба хотири мубориза бо терроризми байналмилалӣ. Яъне дар он ҷо шояд марказе таъсис биёбад, ки дар он шеваҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ки дар ҷануби кишвари мо ҳамеша ва ҳар лаҳза метавонад зуҳур кунад, таълим дода хоҳанд шуд. Дар ин марказ сарбозони мо ва асокири Русия муштаракан шеваҳои чунин муборизаро хоҳанд омӯхт.”

Ин ташреҳи раисиҷумҳури Қирғизистон ба дунболи нашри гузоришҳоест, ки мегуфтанд, Маскав ба таъсиси як пойгоҳи дигари низомӣ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон омодагӣ мегирад, ки бояд зери чатри Паймони амнияти дастаҷамъӣ амал кунад. Зери чатри паймони низомиву амниятие, ки таҳти нуфузи Русия қарор дошта, 7 кишвари шӯравии собиқ – Русияву Беларус, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад. 

Зимнан Узбакистон, узви дигари Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ба ин хабар билофосила вокуниш нишон дод ва гуфт, қатъиян мухолифи таъсиси ҳар навъ пойгоҳи нави низомии Русия дар наздикии марзҳояш мебошад. Русия феълан дар минтақаи Кант, дар ҳошияи пойтахти Қирғизистон, шаҳри Бишкек, алакай як пойгоҳи низомӣ дорад. Боқиев гуфтааст, ки Бишкек аз тарафи шимол бо Қазоқистону Чин ҳаммарз аст ва бар илова, пойгоҳи русии Кант низ дар шимоли Қирғизистон ҷойгир мебошад ва Бишкек аз ин самт эҳсоси кадом мушкили амниятӣ намекунад. 

Дарди сарро барои Қирғизистон, ба гуфтаи раиси он ҷумҳурӣ, асосан вилоёти ҷануб, аз ҷумла вилояти Бодканд эҷод мекунад, ки бо Тоҷикистон ва Тоҷикистон ба навбати худ бо Афғонистон ҳаммарзанд.

Баҳси таъсиси пойгоҳи нави низомии Русия дар Қирғизистон дар ҳоле бармехезад, ки Бишкек баъд аз чанд моҳи таҳдиди бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар ҳошияи фурудгоҳи Манас ахиран эълом кард, ки бо Вошингтон бар сари тамдиди замони ҳузури нирӯҳои Амрико ба тавофуқ расидааст.

Бар асоси ин муомила, Амрико розӣ шудааст, барои иҷораи ин пойгоҳи ҳавоӣ ба Қирғизистон солона 60 миллион доллар пардохт кунад ва барои барномаҳои дигаре, чун мубориза бо террору қочоқи маводи мухаддир ва тарҳҳои рушд ба ин кишвар 180 миллион доллар кӯмак бирасонад. 

Ин дар ҳолест, ки Вошингтон қаблан барои пойгоҳи Манас ба Қирғизистон дар сол ҳамагӣ 17 миллион доллар пардохт мекард.

Холидаи Қодир, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi