08:32:29 01-уми Июли 2025 сол

39 КУШТА "АЗ ШИКАНҶА" ДАР ӮЗБАКИСТОН

Як гурӯҳи мудофеъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон гуфтааст, ки 39 нафар дар асари шиканҷа дар зиндонҳои он кишвар дар соли милодии гузашта ҷон бохтаанд. Гурӯҳи мустақилли мудофеъони ҳуқуқи башар (ГММҲБ) мегӯяд бар мабнои арзёбии иттилоъоте, ки аз хонаводаҳои зиндониён ва маҳбусони собиқ ба даст оварда, ба ин натиҷа расидааст.

 

тюрьмаБа гуфтаи ин гурӯҳ, теъдоди воқеъии афроди кушташуда аз озору шиканҷа дар зиндонҳои Ӯзбакистон метавонад бамаротиб болотар аз ин рақам бошад, чун "бисёре аз мавориди кушта шудани зиндониён ба далели тарсу бими пайвандони онҳо аз кинаҷӯйии мақомот" гузориш намешаванд. Дар соли 2009 ин гурӯҳ аз сабти 20 мавриди қатли зиндониён тавассути шиканҷа ва озор аз сӯйи маъмурони давлатӣ хабар дода буд.

 

Ба гузориши ин гурӯҳ, маъмурони зиндонҳо дар Ӯзбакистон маъмулан аҷсоди мурдагонро дар тобутҳои мӯҳрзада ба хонаводаҳояшон тавҳил медиҳанд ва ин амр боъис мешавад, ки осори шиканҷа ва озор дар бадани онҳо аз назари пайвандон пинҳон бимонад. Сарфи назар аз расму одоти тадфини мусалмонон, маъмурони пулиси Ӯзбакистон пайвандони зиндониёни мурдаро намегузоранд, ки тобутҳои онҳоро бикшоянд.

 

Сурат Икромов, раиси гуруӯҳи мудофеъи ҳуқуқи башар гуфтааст: "Маъмурон мурдаҳоро маъмулан шабҳангом ба хонаводаҳояшон таҳвил медиҳанд ва онҳоро водор мекунанд, ки ҳангоми бомдод мурдаҳоро гӯронанд. Сипас, онҳо чанд рӯз манзили ин хонаводаҳоро пас аз дафни мурдагон таҳти назорат қарор медиҳанд."

 

Мақомоти Ӯзбакистон дар ин бора ибрози назаре накардаанд. Аммо Дидбони Ҳуқуқи Башар дар соли 2007 гузориш дода буд, ки маъмурони давлатии Ӯзбакистон зиндониёнро ба таври рӯзмарра шиканҷа мекунанд ва ҳатто озори ҷинсиро нисбат ба онҳо раво медоранд.

 

Раисҷумҳур Ислом Каримов, ки тайи беш аз ду даҳаи ахир қудрати биломунозеъ дар Ӯзбакистонро дар даст дорад, ҳамвора ҳадафи интиқодҳои гурӯҳҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ қарор гирифтааст. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон давлати оқои Каримовро дар соли 2005 барои саркӯби мӯътаризон дар Андиҷон маҳкум карда ва таҳримҳое алайҳи вай ба роҳ андохтанд. Вале дертар бештари ин таҳримҳо лағв шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4057-39--q-q--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ