11:11:48 01-уми Июли 2025 сол

ИНТИҚОДИ АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛ АЗ ДАВЛАТИ ТУРКМАНИСТОН

Созмони Афви Байналмилал аз мақомоти Туркманистон хостааст, ки сареъан ба азсаргирии фаъолияти бузургтарин ширкати фароҳамгари иртиботи телефуни ҳамроҳ дар ин кишвар мусоъидат кунанд. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи панҷшанбеи 23 декабр мунташир шуд, омадааст, ки як ҳафта қабл мақомоти туркман фаъолияти ширкати Mobile TeleSystems (MTS)-и Русияро мутаваққиф кардаанд.

 

mts_russiaДар натиҷа 2,5 милюн ё ҳудуди ниме аз ҷамъияти Туркманистон аз имкони истифода аз телефунҳои мобайл ё ҳамроҳ ва шабакаҳои интернет, ки ин ширкат фароҳам мекунад, маҳрум мондаанд. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад муштариёни ин ширкат тақрибан 80 дарсади корбарони телефуни ҳамроҳ дар саросари Туркманистонро ташкил медиҳанд. Ҷон Далюсен, муъовини мудири барномаи созмони Афви Байналмилал дар Урупо ва Осиёи Марказӣ, гуфтааст, ки бо "ин иқдоми худсарона" мақомоти Туркманистон иртибототи дохилӣ ва равобит бо хориҷи кишварро башиддат маҳдуд кардаанд.

 

Ба гуфтаи оқои Далюсен, муштариёни ширкати MTS маҷбур шудаанд акнун аз фароҳамгари дигари хадамоти телефуни ҳамроҳ, яъне ширкати давлатии "Altyn Asyr", ки бештари сойтҳои мустақил ва мутаъаллиқ ба мухолифони давлати Туркманистонро масдуд кардааст, истифода кунанд.

 

Созмони Афви Байналмилал ин иқдоми давлати Туркманистонро навъе нақзи ҳуқуқи башар ва талош барои маҳдуд сохтани озодии баён дар ин кишвар арзёбӣ кардааст. Оқои Далюсен гуфтааст: "Ин тадбир навъе мудохилаи ғайриқонунӣ дар мукотиботи умумист ва ҳаққи бисёре аз мардуми Туркманистон ба дарёфт ва баҳрагирӣ аз иттилоъотро помол мекунад ва бо мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар ҳам созгор нест."

 

Ба гуфтаи созмони Афви Байналмилал, ҳазорон нафар аз мардум дар навоҳии дурдасти Туркманистон ба телефунҳои хонагӣ ё интернет дар хона дастрасӣ надоранд ва телефуни ҳамроҳ танҳо василаи иртиботӣ барои бисёре аз ҷамъияти ин кишвар аст. Дар баёниян ин созмон омадааст: "Мардум акнун мумкин аст дар инзиво қарор бигиранд ва дар шароити фавқулъода ҳам натавонанд (аз пизишкон, пулис ва кормандони умури наҷот) дархости ёрӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, ширкати русии MTS мегӯяд, ки аз ин иқдоми Вазорати иртибототи Туркманистон ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамияти Женева шикоят бурдааст.

 

Дар баёнияи ширкати MTS таъкид шуда, ки саҳми ин ширкат дар бозори телефунҳои ҳамроҳ дар Туркманистон 80 дар садро ташкил медод ва дар сурати қатъи фаъолияташ ба миқдори 600 милюн дулор хисорат хоҳад дид. Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Туркманистон ин иддаъоро, ки дар пайи мутаваққиф шудани фаъолияти ин ширкат бахши аъзаме аз ҷамъияти кишвар аз иртиботи телефуни ҳамроҳ маҳрум мондаанд, рад кардааст.

 

Аммо Афви Байналмилалӣ мегӯяд ҳарчанд Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, ҳангоми расидан ба қудрат дар соли 2007 ваъдаи ҳимоят аз ҳуқуқи башарро карда, вале бо гузашти се сол аз он замон саркӯбии мухолифон дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад. Дар моҳи сентябри гузашта оқои Бердимуҳаммадов аз вазорати амнияти миллӣ қотеъона хостааст бо онҳое, ки "давлати демукротик ва ҳуқуқбунёди моро бадном мекунанд ва мекӯшанд ягонагӣ ва ҳамбастагии ҷомеъаи моро ба ҳам зананд," мубориза кунад.

 

Ҷон Далюсен аз созмони Афви Байналмилал мегӯяд баъид нест, ки акнун мақомоти туркман бо истифода аз ширкати давлатии фароҳамгари иртибототи телефунӣ гуфтугӯҳо ва муколимоти мардумро таҳти назорат бигиранд ва афродро аз иртибот бо телефуни ҳамроҳ маҳрум созанд. Вай афзудааст: "Дар кишваре, ки ҳаққи мардум ба озодии баён ҳамвора ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст, тавқифи танҳо фароҳамгари мустақилле, ки иртибот бо хориҷро андаке таъмин мекард, фоли неке нест."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3973-2010-12-24-14-50-40.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ