МУҲОКИМАИ РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ ҚИРҒИЗИСТОН ОҒОЗ ШУД
Муҳокимаи Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар фазои бархурдҳо дар Бишкек, пойтахти ин кишвар оғоз шуд. Бархурдҳое миёни пулис ва наздикони 85 нафаре, ки дар моҳи апрел, замони аз қудрат канор гузошта шудани оқои Боқиев дар эътирозоти умумӣ кушта шуда буданд, сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки оқои Боқиев дастури оташ кушудан ба рӯи муътаризонро дода буд. Он замон оқои Боқиев кишварро тарк кард ва ҳоло дар хориҷ ба сар мебарад. Ӯ дар ғиёб муҳокима мешавад. 27 тан аз мақомоти собиқи Қирғизистон дар як толори консертии бузург барои муҳокима ҳузур меёбанд. Ин мурофиъаи додгоҳӣ бузургтарин муҳокима дар таърихи ин кишвари собиқи Иттиҳоди Шуравӣ аст. Интизор меравад 130 нафар дар ҷараёни он шаҳодат ироа кунанд. Оқои Боқиев, ки ба Белорус паноҳ бурда бо панҷ муттаҳами дигар дар ғиёбашон муҳокима мешаванд. Аз ҷумлаи 22 тан аз афроди ҳозир дар толор чеҳраҳои шинохташудае мисли Боқитбек Калиев, вазири дифоъи пешин ва Нурлан Темурбоев, муъовини фармондеҳи горди давлатӣ ҳастанд.
Пайвандони бархе аз қурбониёни ҳаводиси моҳи апрел дар майдони Варзиши шаҳр бо баргузории тазоҳуроти хашмолуд таҳдид ба анҷоми интиқом мекарданд. Гузориш шуда, ки дар дохили толори додгоҳ пайвандони қурбониён ба муттаҳамон фаҳшу дашном додаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар нигаронанд, ки мумкин аст мурофиъа ба як мурофиъаи намоишӣ табдил ёбад.
Ин мурофиъаи додгоҳӣ дар пайи моҳҳо кашмакашҳои сиёсӣ пас аз барканории оқои Боқиев сурат мегирад. Дар моҳи июн ҷануби Қирғизистон - пойгоҳи раиси ҷумҳури собиқ шоҳиди даргириҳои қавмӣ миёни ақаллияти ӯзбак ва аксарияти қирғиз буд, ки дастикам 400 нафар кушта бар ҷой гузошт. Мақомоти ҷадид ба раҳбарии Роза Отунбоева пас аз он аз тариқи баргузории интихобот дар моҳи октябр нахустин низоми идораи порлумонӣ дар Осиёи Миёнаро ба вуҷуд оварданд.
Бо вуҷуди ин шикоф миёни манотиқи мухталифи кишвар боқӣ мондааст. Чизе ки мояи тааҷҷуби бисёриҳо шуд, пирӯзии ҳизби миллатгарои Ота Журт дар интихобот буд, ки раҳбари он яке аз вузаро дар ҳукумати пешин буд. Ин ҳизб ба хусус дар ҷануби кишвар дар миёни қирғизтаборон тарафдори зиёд дорад ва мехоҳад низоми идораи раёсати ҷумҳуриро дубора барқарор кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3598-2010-11-17-18-30-47.html