21:29:58 01-уми Июни 2025 сол

КАРЗАЙ ХОСТОРИ КОҲИШИ АМАЛИЁТИ НИЗОМИЁНИ ОМРИКОӢ ШУДААСТ

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон хостори коҳиши амалиёти низомӣ ба вижа таҳоҷумҳои шабонаи низомиёни амрикої алайҳи шуришиён дар кишвараш шудааст.

 

karzayОқои Карзай рӯзи шанбеи 12 ноябр дар мусоҳибае бо рӯзномаи омрикоии Вошингтун Пуст (Washington Post) гуфтааст, ки низомиёни амрикої дар Афғонистон бояд ҳузур ва шиддати фаъолиятҳои низомии худро маҳдуд кунанд. Оқои Карзай гуфтааст: "Вақти он расидааст, ки аз теъдоди амалиёти низомӣ коста шавад, вақти он расидааст, ки ҳузур ва гаштугузори (низомиёни амрикої) кам шавад... то дахолат дар зиндагии рӯзмарраи афғонҳо коҳиш ёбад."

 

Раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфта, ки идомаи ин гуна амалиётҳо сабаб мешавад, ки шумори бештаре аз афғонҳо ба Толибон бипайванданд ва ҳузури густардаи нерӯҳои амрикої дар ҷодаҳои Афғонистон низ ба ҳассосиятҳо дар баробари ин нерӯҳо дар Афғонистон доман мезанад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди сад ҳазор низомии амрикої ҳамроҳ бо ҳудуди 50 ҳазор сарбози хориҷии дигар дар Афғонистон ҳузур доранд ва нерӯҳои амниятии афғонро дар мубориза бо шӯришиён ва таъмини амният кумак мекунанд.

 

Раиси ҷумҳурии Афғонистон амалиёти шабонаи нерӯҳои амрикої дар Афғонистонро ба шиддат мавриди интиқод қарор дода ва гуфтааст, ки афғонҳо хостори ин гуна амалиёт нестанд. Оқои Карзай гуфта, ки аз нерӯҳои амрикої интиқод намекунад, аммо мехоҳад, ки дар иҷрои амалиёти низомӣ диққати бештаре ба харҷ диҳанд.

 

Оқои Карзай гуфтааст: "Ин амалиётҳо ҳамеша як масъала будааст. Дар гузашта масъала буда, ҳоло ҳам масъала аст. Ин амалиётҳо бояд канор гузошта шавад. Афғонҳо хостори ин гуна амалиётҳо нестанд. Агар амалиёте анҷом мешавад, бояд тавассути давлати Афғонистон ва мутобиқ ба қавонини ин кишвар анҷом шавад."

 

Фармондеҳони низомии НАТО дар Афғонистон аммо гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир гузинаи дигаре намебинанд, ки ба ҷои ин амалиётҳо дар Афғонистон истифода шавад. Дархости тозаи раиси ҷумҳури Афғонистон аз сарбозони амрикої чолиши тозае дар баробари фармондеҳи ин нерӯҳо шумурда мешавад, ки иҷрои амалиётҳои низомӣ ва таҳоҷумҳои шабона бар паноҳгоҳҳои шӯришиёнро дар сархати истротежии низомиаш қарор додааст.

 

Изҳороти тозаи оқои Карзай дар ҳоле матраҳ шуда, ки Омрико қасд дорад хуруҷи тадриҷии нерӯҳои низомиаш аз Афғонистонро аз нимаи соли ояндаи мелодӣ оғоз кунад. Барои таҳаққуқи ин ҳадаф аз ҳамин ҳоло талошҳо барои супурдани масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон дар сутуҳи мухталиф оғоз шудааст - барномае, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар нишасти сарони НАТО дар Лиссабон мавриди баҳс қарор гирад.

 

Раиси ҷумҳурии Афғонистон ин изҳоротро дар замоне ба забон овардааст, ки талош дорад тарҳи мусолиҳа бо шӯришиёнро ба иҷро бигзорад, тарҳе ки ӯ онро дар садри авлавиятҳои давраи дуввуми раёсати ҷумҳурии худ қарор додааст. Оқои Карзай ҷиргаҳи машваратии сулҳро барои машварат кардан дар бораи шеваи оштӣ ва гуфтугӯ бо Толибон дар моҳи октябр баргузор кард ва дар пайи он Шурои Олиро ташкил дод. Ӯ масъулияти гуфтугӯ бо Толибонро ба уҳдаи ин шуро гузоштааст.

 

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар гуфтугӯи худ бо рӯзномаи Вошитнгтун Пуст гуфтааст, ки бо ду узви "бисёр баландпояи" Толибон ҳудуди се моҳ пеш музокира кардааст, аммо таъкид карда, ки раванди сулҳ ҳанӯз дар мароҳили аввалия қарор дорад. Оқои Карзай афзудааст, ки ӯ бовар дорад, ки Мулло Умар, раҳбари гурӯҳи Толибон аз ин гуфтугӯҳо огоҳ шудааст.

 

Аммо Толибон пеш аз ин ҳар навъ гуфтугӯ бо давлати Афғонистонро машрут ба хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз кишвар карда ва давлати Ҳомиди Карзайро бо ҳузури ин нерӯҳо фоқиди салоҳияти амалӣ кардани гуфтугӯҳои сулҳ донистаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3575-2010-11-15-07-13-50.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854