06:56:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ФАРОНСА ХОСТОРИ ОЗОДИИ ШАҲРВАНДАШ ДАР ЭРОН ШУД

 

Давлати Фаронса хостори озодии фаврии як табаъаи фаронсавӣ дар Эрон шудааст. Бернор Кушнер, вазири умури хориҷаи Фаронса, гуфтааст, ки Клутилд Райс, табаъаи Фаронса, ки дар донишгоҳи Исфаҳон тадрис мекард, чаҳоршанбеи гузашта ҳангоми хуруҷ аз Теҳрон дар фурудгоҳи ин шаҳр боздошт шуд ва зоҳиран бо иттиҳоми ҷосусӣ мувоҷеҳ аст, аммо дар ин маврид иттилоъоти дақиқе дар ихтиёри мақомоти фаронсавӣ қарор нагирифтааст.

Оқои Кушнер, ки дар мусоҳибае бо Коноли 3-и шабакаи телевизиюнии Фаронса сухан мегуфт, таъкид кард, ки Фаронса аз давлати Эрон мехоҳад тамомии мавзӯъоти марбут ба боздошти ин шаҳрванди фаронсавиро тавзеҳ диҳад ва хонум Ройсро ҳар чи сареътар озод кунад.

Вазири умури хориҷаи Фаронса гуфт, ки ҳеч далеле барои боздошти Клутилд Райс вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел, идомаи боздошти ӯ абадан муваҷҷаҳ нест.

Ба нақл аз манбаъи диплумотики фаронсавӣ гузориш шудааст, ки Клутилд Райс, ки ба унвони дастёри устод дар донишгоҳи Исфаҳон тадрис мекард, ҳангоми азимат аз Теҳрон ба сӯйи Бейрут дар фурудгоҳ боздошт шуд.

Зоҳиран ин шаҳрванди фаронсавӣ дар маҳалли тазоҳуроте, ки дар эътироз ба натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар Исфаҳон баргузор шуда буд, ҳузур дошт ва ба ҳамин далел ҳам боздошт шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, бархе манобеъи фаронсавӣ гуфтаанд, ки далели ворид кардани иттиҳоми ҷосусӣ алайҳи Клутилд Райс мубодилаи имейлҳое дар мавриди таҳаввулоти Эрон буда ва вазири умури хориҷаи Фаронса далели нисбат додани ин иттиҳом ба хонум Райсро гирифтан ва ирсоли аксҳое аз тазоҳурот тавассути телефони ҳамроҳ донистааст.

Манобеъи фаронсавӣ гуфтаанд, ки ин шаҳрванди фаронсавӣ дар донишгоҳи Исфаҳон машғули таҳқиқоти илмӣ буд ва монанди милюнҳо эронӣ барои мушоҳидаи тазоҳуроти эътирозӣ дар маҳалли иҷтимоъи мардум ҳузур ёфта буд.

Клутилд Райс қабл аз боздошт ба муддати панҷ моҳ дар Эрон иқомат дошт.

Дархости озодии шаҳрванди фаронсавӣ

Вазорати умури хориҷаи Фаронса дар баёнияе аз давлати Эрон хоста то ҳар чи сареътар ин шаҳрванди фаронсавиро озод кунад ва имкони хуруҷи ӯ аз Эронро фароҳам оварад. Дар ин баёния омадааст, ки давлати Фаронса боздошти хонум Райсро ба иттилоъи тамомии муттаҳидони ин кишвар дар Иттиҳодияи Урупо расонда ва хостори ҳамбастагии онҳо дар ин замина шудааст. Боздошти ин шаҳрванди фаронсавӣ дар ҳоле гузориш мешавад, ки ҳанӯз яке аз кормандони эронии сафорати Бритониё дар Теҳрон дар боздошт ба сар мебарад.

Ду ҳафта пеш маъмурон амниятии Ҷумҳурии Исломӣ нуҳ тан аз кормандони эронии сафорати Бритониёро ба иттиҳоми иртибот бо тазоҳуроти эътирозӣ дар Теҳрон боздошт карданд, аммо то кунун тамомии боздоштшудагонро ба истиснои як нафар озод кардааст.

Мақомоти давлатии Эрон иллати боздошти ин афродро ширкат дар созмондиҳии тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи натиҷаи эъломшудаи интихобот унвон карда ва гуфтаанд, ки онон дар маҳалли баргузории гирдиҳамоиҳои эътирозӣ мушоҳида шудаанд.

Боздошти ин афрод вокуниши тунди бисту ҳафт кишвари узви Иттиҳодияи Урупоро дар пай овард, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ хостанд ононро фавран озод кунанд.

Мақомоти аршад ва расонаҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ эътирозоти густардаи мардумиро иғтишошоте хондаанд, ки давлатҳо ва расонаҳои хориҷӣ дар онҳо даст доштаанд ва бо оғози ин эътирозот, бо вазъи маҳдудиятҳои бесобиқа алайҳи расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ, бисёре аз хабарнигорони хориҷиро аз Эрон ихроҷ ва дасти кам як нафар аз ононро барои муддате боздошт карданд.

Бо ин ҳама, рӯзи гузашта Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, расонаҳои хориҷиро муттаҳам кард, ки ибрози нохурсандии мардум аз натиҷаи интихоботро иғтишош тавсиф кардаанд ва пахши чунин сифатеро тавҳин ба миллати Эрон донист.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi