БАРНОМАИ СӮЗОНДАНИ ҚУРЪОН БА ҲОЛАТИ “ТАЪЛИҚ” ДАРОМАД
Терӣ Ҷунз кашиши калисои кучаке дар иёлати Флуридо, ки хостори сӯзондани Қуръон дар нуҳумин солгарди ҳамалоти 11 сентябр шуда буд, ин барномаро ба ҳолати таълиқ даровардааст. Ин дар ҳолест, ки пештар дар як конфронси хабарии муштарак дар шаҳри Кинзуел дар канори яке аз руҳониёни иёлати Флуридо ба номи Имом Муҳаммади Мисрӣ эълом карда буд, ки аз тасмимаш сарфи назар кардааст.
Оқои Ҷунз дар тавзеҳи далели тағйир дар мавзеъи худ гуфта буд, ки имоми маркази исломии Ню-Йурк мувофиқат кардааст, ки маркази фарҳангӣ ва масҷиди мавриди назари худро дар наздикии маҳалли ҳамалоти 11 сентябр эҳдос накунад. Аммо Файз Абдурауф, имом масҷиди Ню-Йурк соъате пас аз интишори ин хабар онро рад кард ва гуфт, ки дар бораи мавзӯъҳои динӣ ҳозир ба мубодила нест. Вай ҳамчунин гуфт, ки бо вай дар ин бора суҳбате нашуда ва хабари мувофиқаташ бо мулоқоти кашиш Ҷунз дар рӯзи шанбе дар Ню-йуркро таъйид накард. Дар пайи ин изҳорот, кашиш Ҷунз бори дигар дар баробари хабарнигорон зоҳир шуд ва эълом кард, ки Имом Муҳаммади Мисрӣ ба ӯ дурӯғ гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ “мо дар ҳолати билотаклифӣ қарор дорем ва бояд мавзеъи худро мавриди бознигарӣ қарор диҳем.” Имом Муҳаммади Мисрӣ, раиси ҷомеъаи исломии Флуридои Марказӣ ба хабаргузории “Ассошиейтед пресс” гуфтааст ҳанӯз ҳеҷ тавофуқе ҳосил нашуда ва ӯ фақат пешниҳод карда буд, ки нишасте бо ҳузури Терӣ