12:05:12 01-уми Июни 2025 сол

"АГАР ИСРОИЛ ҲАМЛА КУНАД, АЗ ҶУҒРОФИЁ ПОК МЕШАВАД"

Маҳмуди Аҳмадинажод дар як конфронси матбуъотӣ дар Қатар гуфтааст ҳар иқдоми Исроил алайҳи Эрон ба маънои пок шудани ин кишвар аз ҷуғрофиёи сиёсӣ аст. Ба гузориши ИРНО, оқои Аҳмадинажод рӯзи якшанбе дар ин нишасти матбуъотӣ, ки Шайх Ҳамад Халифа бини Оли Сонӣ, амири Қатар низ ширкат дошт, гуфт Исроил "рӯ ба нобудӣ" аст ва дар муҳосиботи Эрон ҷое надорад: "Ин режим вақте қодир набошад дар ҷануби Лубнон ва Ғазза коре ба нафъи худ анҷом диҳад, ба тариқи авло наметавонад алайҳи Эрон коре кунад."

 

Ишораи ӯ ба ҷанги Исроил дар Лубнон дар соли 2006 ва низ ҳамла ба Ғазза дар соли 2008 аст, ки ба гуфтаи бархе коршиносон бо вуҷуди хисороти зиёде, ки артиши Исроил ба зерсохторҳои ин манотиқ ворид кард, натавонист ба муваффақиятҳои низомии чандоне алайҳе Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос даст пайдо кунад. Тайи моҳҳо ва солҳои ахир гузоришҳои зиёде дар бораи эҳтимоли ҳамлаи Исроил ва ё Омрико ба таъсисоти атомии Эрон мунташир шудааст.

 

Исроил мегӯяд барномаи атомии Эронро таҳдиде алайҳи мавҷудияти худ медонад. Аммо Эрон ҳамвора иттиҳоми талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомиро рад кардааст. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки ба далели иқдомоти талофиҷӯёнаи Эрон, дар "олами воқеъ заминаи иҷроии" ҳамла ба ин кишвар вуҷуд надорад. Вай ҳамчунин гуфтугӯҳои сулҳи Ховари Миёнаро "беҳосил" хонд ва гуфт Исроил умедвор аст ба ин тартиб "фурсате барои идомаи ҳаёти худ биёбад"

 

Ӯ рӯзи ҷумъа низ бо интиқоди шадид аз музокироти Вошингтун бо ҳузури раҳбарони фаластинӣ, Исроил, Миср ва Урдун гуфт, ки сарнавишти фаластиниён аз тариқи муқовимати мардуми ин сарзамин таъин мешавад, на дар Вошингтун, Порис ва Ландан. Вай гуфт: "Намояндаи миллати фаластинӣ чи касе аст? Ӯ ки суҳбат мекунад, аз куҷо ин намояндагиро ба даст оварда? Чи касе ҳақ дорад қитъае аз сарзамини Фаластиниёнро ба душманон бифурӯшанд?"

 

"Ҷанги воқеъӢ"

Ба дунболи ин изҳорот Набил Абу Радина, сухангӯйи Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ дар баёнияе гуфт: "Фарде, ки намояндаи мардуми Эрон нест ва дар интихобот тақаллуб карда ва мардуми Эронро саркӯб мекунад ва қудратро дуздида, наметавонад дар бораи Фаластин ва раиси ҷумҳури Фаластин сухан бигӯяд."

 

Ромин Меҳмонпараст, сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон ин вокуниши Ташкилоти худгардони Фаластинро "насанҷида" ва "тавҳиномез" хонд. Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишасти Қатар эҳтимоли ҳамлаи Омрико ба Эронро рад кард ва гуфт ин кишвар ва артиши он ҳаргиз вориди як ҷанги "воқеъӣ" нашудааст. Қатар яке аз пойгоҳҳои бузурги артиши Омрико дар минтақа аст. Вай гуфт: "Омрико дар Куре ва Ветном вориди ҷанг нашуд, балки бо мардуми бидуни силоҳ ва бидуни ҳомӣ мувоҷеҳ шуд ва куштор кард."

 

Ба гуфтаи оқои Аҳмадинажод дар Ироқ ва Афғонистон низ ҷанге "ҷиддӣ" рух надод, зеро артише барои муҷобила бо Омрико дар саҳна набуд ва "артиши Омрико дар сарзамини холӣ ҳаракат кард" Вай шоеъаи ҳамла ба Эронро ҷанги равонӣ хонд ва гуфт: "бархурд бо Эрон ба манзалаи муталошӣ шудани гумошташуда ва ҳиманаи он (Омрико) дар ҷаҳон аст."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3054-q-------q.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 11.09.2010 18:54
Окои Ахмади Нажод вориси бевоситаи Круши Кабир аст ва ифтихори тамоми мардуми форсизабон аст .Худо умрашро зиёда кунад. Чор заданихои сиюнистхои исроили дар мавриди Ирон хамон масали "шош кардани саг дар девори масчид"- ро мемонад , яъне ачалаш расидааст.Марду ми иронитабор мисли арабхои сусморхур ва паштунхои чохилу ва беномус нестанд . Магар Амрико кур аст ва ва ё дида наметавонад дид ,ки сахюнистхои лошахур,ки дорои 200 адад сиохи хастаи аст , чаро Ирон бо чунин худуду нуфуз аз ин бархурдор набошад.Ворисон и имрузаи Круши Кабир бояд аз шиори зер:"Чангхои ориёи мо дар ин майдон кунем ,Даст агар аз китф бияфтад , чанг бо дандон кунем"
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854