16:34:19 02-уми Июни 2025 сол

ЭРОН МАВЗӮИ САФАРИ УБОМО БА РУСИЯ АСТ

 

Эрон дар болои феҳристи кории дидори ҳафтаи ояндаи Борок Убомо аз Русия қарор дорад. Мақомҳои Кохи Сафед бо ишора ба дидори оқои Убомо аз Русия ва ширкат дар иҷлоси Гурӯҳи Ҳашт дар Итолиё дар ҳафтаи оянда, нооромиҳои Эрон ва барномаи ҳастаии ин кишварро мавзӯъҳои аслии гуфтугӯҳои ӯ унвон кардаанд.

Аз дигар мавзӯъҳои мавриди баҳси Борок Убомо бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, костан аз зарродхонаи атумии ду кишвар аст. Омрико умедвор аст ин дидор ба коҳиши теъдоди кулоҳакҳои ҳастаӣ мунҷар шавад. Оқои Убомо ҳамчунин дар пайи ҷалби ҳимояти Русия аз талошҳои Омрико дар Афғонистон аст. Денис МакДоно, аз дастёрони аршади Борок Убомо дар умури сиёсати хориҷӣ, дар остонаи сафари хориҷии раиси ҷумҳурии Омрико ба хабарнигорон гуфт: "Мавзӯъи Эрон дар садр ва маркази таваҷҷуҳи ҳар кадом аз ин ду сафар қарор хоҳад дошт."

Ба гуфтаи оқои МакДоно, меҳвари гуфтугӯҳо бар пояи баёнияи содиршудаи Гурӯҳи Ҳашт дар бораи таҳаввулоти Эрон хоҳад буд.

Ин баёния ҳафтаи гузашта дар дидори вазирони хориҷаи ин гурӯҳ дар Итолиё содир шуд. Оқои МакДоно гуфт Борок Убомо аз нақше, ки Русия дар таҳияи ин баёния дошта, розӣ аст.

Вазирони хориҷаи Гурӯҳи Ҳашт дар баёнияи ҳафтаи пеш зимни таъкид бар эҳтиром ба ҳокимияти Эрон, хостори таваққуфи фаврии хушунатҳо дар ин кишвар шуда буданд.

Ин баёния зимни ҳамбастагӣ бо касоне, ки дар Эрон дар маърази хушунатҳои давлатӣ қарор гирифтаанд, аз давлати ин кишвар хоста буд ба ҳуқуқи асосии башар, аз ҷумла озодии баён, эҳтиром бигзорад.

Хабарнигорон мегӯянд баёнияи содиршуда ба хотири ташвиқи Русия ба ҳамроҳӣ бо кишварҳои ғарбӣ, мулоимтар аз матни мавриди назари Фаронса ва Олмон буд.

BBC

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854