14:47:25 01-уми Июли 2025 сол

СӮИҚАСД БА ҶОНИ МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД

Хабаргузориҳои Эрон навиштаанд, ки имрӯз дар наздикии корвони мошинҳои ҳомили раисиҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод дар шаҳри Ҳамадон як норинҷак таркидааст. Сомонаи “Khaberonline”, ки бовар меравад, ба раиси парлумони Эрон Алии Лориҷонӣ марбут бошад, иттилоъ медиҳад, ки инфиҷор дар шаҳри Ҳамадон рух дод, ки Аҳмадинажод ба хотири як суханронӣ ба ин шаҳр ворид шуда буд.Бино ба ин гузориш, ӯ аз ин таркиш осебе надида ва суханрониашро дар вақти таъйиншуда анҷом додааст. Телевизиони Эрон ин суханрониро ба таври мустақим пахш кардааст.

 

ТелевизиониАл-Арабиямегӯяд, ҳамлагарон қабл аз боздошти худ алайҳи корвони мошинҳои Аҳмадинажод маводи мунфаҷираро партоб кардаанд. Шабакаи телевизионии лубнонии "Future" аз қавли маъмурияти раёсатҷумҳурии Эрон хабар дод, ки бар асари инфиҷор чанд нафар захм бардоштаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2827-2010-08-04-11-27-13.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ