17:08:23 02-уми Июни 2025 сол

ЭРОН РАҲБАРИ ШӮРИШИЁНИ СУННИРО ЭЪДОМ КАРД

Хабарнигории расмии ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард Абудлмолики Ригӣ, раҳбари гурӯҳи Ҷундуллоҳ, ки ба "муҳориба ва фасод филарз" муттаҳам шуда буд, бомдоди рӯзи якшанбе ба дор овехта шуд.

 

Ба гузориши ИРНО оқои Ригӣ муртакиби 79 мавриди қатл, ҷарҳ, аххозӣ, раъб ва ваҳшат, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ, ҳамкорӣ бо бегонагон ва ахзи кумакҳои молӣ ва иттилоъотӣ шуда буд. Абдулмолики Ригӣ дар яке аз шуъбаҳои додгоҳи инқилоби исломии Теҳрон ба раёсати қозӣ Тавҳидӣ ба эъдом аз тариқи овехтан аз чӯбаи дор маҳкум шуд. Гуфта мешавад хонаводаи бархе аз маҷруҳин ва қурбониёни фаъолиятҳои гурӯҳи Ҷундуллоҳ низ дар маросими эъдом ҳузур доштанд.

 

Додгоҳи инқилоб Абдулмолики Ригиро омили ташкили гурӯҳи Ҷундуллоҳ, 15 фақара одамрабоии мусаллаҳона, қатли амдии даҳҳо низомӣ ва ӯайринизомӣ, сирқати мусаллаҳона ва мавориди мутаъаддиди дигаре донист. Ӯ ҳамчунин муттаҳам ба иртибот бо сарвисҳои ғарбӣ буд. Давлатҳои ғарбӣ ҳимоят аз ӯро рад кардаанд.

 

Додсарои умумӣ ва инқилоби Теҳрон пештар эълом кард, оқои Ригӣ дар ҷараёни муҳокима масъулияти куллия иқдомоти Ҷундуллоҳро бар уҳда гирифт ва тамомии мавориди иттиҳомии матруҳа дар кайфархости содира аз суи додситониро пазируфт. Додситонӣ хостори ашади маҷозот барои оқои Ригӣ шуд.

 

Гуфта мешавад ӯ "тақозои афв" карда буд, ки тавассути раиси қувваи қазоия рад шуд. Ба гузориши ИРНО гурӯҳи Ҷундуллоҳ аз соли 2003 то кунун муртакиби қатли 152 нафар аз нерӯҳои интизомӣ ва мардуми ғайринизомӣ ва низ маҷруҳ шудани 320 нафар шудааст. Абудлмолики Ригӣ то пеш аз дастгирӣ дар моҳи феврали гузашта раҳбарии Ҷундуллоҳро бар уҳда дошт.

 

Ин гурӯҳи мусаллаҳ мухолифи низоми ҷумҳурии исломӣ аст ва ҳадафи худро ҳимоят аз ҳуқуқи ақаллиятҳои Эрон ба хусус дар устони Систону Балучистон эълом кардааст. Абдулҳамиди Ригӣ, бародари Абдулмолики Ригӣ, ки ду сол пеш боздошт шуд, душанбеи 24 май дар Зоҳидон эъдом шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2518-2010-06-20-13-28-52.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854