17:21:21 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭЪТИРОЗИ ШАДИДИ МӮСАВӢ БА НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ

 

Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб ба интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, натоиҷи эълоншудаи ин раъйдиҳӣ ва пирӯзии рақибаш Маҳмуди Аҳмадинажодро эътироф намекунад. Мирҳусайни Мӯсавӣ гуфтааст, ки ӯ алайҳи тақаллуботи хеле ошкор дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи ҷумъа шадидан эътироз кард, афзудааст, ки “мо ба чунин шӯъбадабозии хатарнок тан дар нахоҳем дод.” 

Мӯсавӣ ҳамчунин ҳушдор дода, ки чунин тахаллуфоти интихобот дар ниҳоят мунҷар ба рӯи кор омадани як низоми “истибдодӣ” дар Эрон хоҳад шуд.

Бино бар иттилоъи ниҳодҳои интихоботиии Эрон, бар асоси шумориши аксарияти кулли оро, дар раъйдиҳии рӯзи 12 июн бо касби 65 дарсади оро раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод баранда шуда, Мӯсавӣ танҳо ба 32 дарсади раъйи мувофиқи мардум даст ёфтааст.

Бо ин ҳол, тарафдорони Аҳмадинажод алакай ба кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон рехта, ба таҷлили пирӯзии ӯ оғоз кардаанд. Мӯсавӣ ба навбаи худ даъво дорад, ки бо вуҷуди "тахаллуфот" дар раъйигирии рӯзи 12 июн ӯ пирӯз шудааст. 

Вазорати кишвари Эрон мизони мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи 12 июнро ҳудуди 80 фоиз баровард кардааст, ки дар таърихи Эрон собиқа надоштааст.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба ҷуз аз Маҳмуди Аҳмадинажод ва Мирҳусайни Мӯсавӣ, ки ду номзади аслӣ маҳсуб мешуданд, ҳамчунин Маҳдии Каррубӣ, раиси собиқи парлумони Эрон, ва Ҳусайн Ризоӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, вориди рақобат шуда буданд. Вале ба гуфтаи мақомоти интихоботии Эрон, мизони ҳимояти мардум аз он ду номзади дигар хеле ночиз ва камтар аз 2 дарсадӣ будааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi