09:03:28 02-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КУШТА ШУДАНИ ЯК МУФТИИ САРШИНОС ДАР ПОКИСТОН

 

 Инфиҷори интиҳорӣ дар як мадрасаи динӣ дар шаҳри Лоҳур дар шарқи Покистон муҷиби кушта шудани мудири ин мадраса шуд.

Ин ҳамла ҳангоме сурат гирифт, ки Сарфароз Наъимӣ, руҳонии саршиноси суннимазҳаб пас аз баргузории намози ҷумъа дар дафтари худ саргарми хушомадгӯӣ ба намозгузорон буд. Дар ин ҳамла чанд нафар низ маҷруҳ шуданд ва дафтари Сарфароз Наъимӣ комилан мунҳадим шуд.

Сарфароз Наъимӣ аз бумбгузориҳои интиҳорӣ ва низ фаъолиятҳои толибон ҳамвора ба сароҳат интиқод мекард ва ин фаъолиятҳоро зиддиисломӣ медонист.
 
Сарфароз Наъимӣ ҳамчунин аз артиши Покистон дар амалиёт алайҳи пайкорҷӯёни толибон дар дараи Свот ва соири нуқоти Покистон сароҳатан пуштибонӣ мекард. Оқои Наъимӣ аз аъзои як кунфронси мударрисини исломӣ буд, ки дар моҳи гузашта бо ҳимояти давлати Покистон ташкил шуд. Ин кунфронс аз бумбгузориҳои интиҳорӣ ва гардан задани мусалмонони бегуноҳ интиқод мекард.


Нооромӣ дар шимол ғарби Покистон


Дар таҳаввуле дигар бумбгузорӣ дар масҷиде дар шимол ғарби Покистон муҷиби кушта шудани 6 нафар шуд. Ин масҷид дар наздикии як анбори тадорукоти нерӯҳои мусаллаҳ ва дар минтақаи низомие, ки аз назари амниятӣ ба шиддат аз он муҳофизат мешавад, қарор дошт. Пулис мегӯяд, як вонт (мошини хурди боркаш) дар ҷараёни баргузории намози ҷумъа вориди муҷтамаъи масҷид шуд ва пас аз он инфиҷор рух дод. Шиддати инфиҷор ба ҳадде буд, ки сақфи масҷид фурӯ рехт.

Шуъайб Ҳасан хабаргузори Би-би-сӣ дар Исломобод мегӯяд, ҳамалоти имрӯз нишондиҳандаи нотавонии нерӯҳои амниятии Покистон дар ҷилавгирӣ аз вуқуъи як чунин ҳамалоте аст, ва дар ҳоле ки амалиёти артиши Покистон алайҳи пайкорҷӯён идома дорад, бояд интизори эҳтимоли афзоиши ин гуна ҳамалотро дошт.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi