ДАРГИРИҲОИ ШАДИД ДАР ЭРОН
Гузоришҳои таъйиднашуда аз кушта шудани 4 нафар аз муътаризон дар Теҳрон ва даргириҳои шадид дар Исфаҳон, Наҷафобод, Шероз ва Ардабил ҳикоят дорад. Шоҳидони айнӣ ба хабаргузориҳои байналмиллалӣ дар Теҳрон гуфтаанд, ки кушта шудани чаҳор нафар аз муътаризонро дидаанд.
Сойти интернетии "Ҷарас", пойгоҳи хабарии наздик ба муътаризон ҳам аз кушта шудани 4 нафар дар Теҳрон хабар додааст. Як шоҳиди айнӣ ба Би-би-сӣ гуфт: " Як нафар аз кушташудагон марде панҷоҳсола буд, ки мардуми муътариз ҷанозаи ӯро рӯи даст меоварданд, аммо дар чаҳорроҳии Валиаср нирӯҳои низомӣ ҷанозаро аз дасти мардум гирифтанд." Ба гуфтаи ин шоҳиди айнӣ "баъд аз он ҳудуди ним соъат ҷанозаи ин мард дар канори хиёбон гузошта шуда буд ва саранҷом нерӯҳои низомӣ онро бо худ бурданд."
Ба гуфтаи ин шаҳрванди теҳронӣ ҷанозаи ин фард дар ҳоле ним соъат дар гӯшаи хиёбон буд, ки омбулонс дар канораш истода буд. Гузоришҳое ҳам аз даргирӣ миёни муътаризон ва нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар Наҷафобод, Исфаҳон, Шероз ва Ардабил мунташир шудааст. Эрон хабарнигорони хориҷиро аз пӯшиши ин таҷаммуъот манъ карда ва расонаҳои давлатӣ низ ахбори тазоҳуроти муътаризонро пӯшиш намедиҳанд.
Сойтҳои наздик ба ҷиноҳи ислоҳталаб дар Эрон гуфтаанд, пулис ва нерӯҳои амниятӣ ҳузури маҳсусе дар хиёбонҳои Теҳрон дорад. Пас аз айёми муҳаррам нерӯҳои интизомӣ ҳушдор дода буданд, ки агар касоне дар ҳошияи азодории муҳаррам даст ба "корҳои хилофи амният" бизананд, онҳоро дастгир хоҳанд кард. Ин сойтҳо гуфтаанд садҳо пулиси зиддишуриш ва нерӯҳои амниятӣ дар майдони "Ҳафти тир" хиёбони "Инқилоб" ва наздикии бозор мустақар шудаанд.
Дар даргириҳои рӯзи шанбе дар рӯзи Тосуъо пулис аз ботум ва гози ашковар барои мутафарриқ кардани муътаризон истифода кард. Ғайр аз Теҳрон дар чанд шаҳри дигар аз ҷумла Исфаҳон низ рӯзи гузашта даргириҳое сурат гирифт. Маросими Ошурои имсол масодиф бо ҳафтумин рӯзи даргузашти оятуллоҳ Мунтазирӣ, раҳбари маънавии мухолифон аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1416-dargirihoi-shadid-dar-iron.html