20:21:51 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ЮНИСЕФ: Дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон дар Афғонистон 20 кӯдак кушта шуданд

Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Афғонистон мегӯяд, дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон дар вилоятҳои Хуст ва Кунари Афғонистон 20 кӯдак кушта шудаанд.

4 unisef afghanistan 44Намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон Муҳаммад Ивая дар Твиттер навишт, ки дар миёни кушташудагон 15 духтар ва 5 писар ҳам ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Хост 12 духтару се писар ва ҳамчунин се духтару ду писар дар Кунар, ки ҳангоми бархӯрд дар хонаҳои худ, кушта шудаанд.

Намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, хостори хатми хушунат алайҳи кӯдакон ва пуштибонии ҳама ҷонибҳои марбут ба Афғонистон шуд.

Намояндагони маҳаллии ҷунбиши Толибон мегӯянд, ки нерӯҳои ҳавоии Покистон манотиқи ноҳияи Спраи вилояти Хустро бомбаборон карданд, ки дар натиҷа 41 нафар кушта ва 22 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Наҷибуллоҳ Ҳаниф, раиси идораи кашф ва фарҳанги вилояти Кунар ба Садои Амрико гуфт, дар ҳамлаҳои покистонӣ дар ноҳияи Чағами Чайгол шаш нафар кушта шуданд.

Артиши Покистон то ҳол дар бораи ин ҳамлаҳо изҳори назар накардааст, аммо вазорати хориҷаи Покистон гуфтааст, ки дар манотиқи марзӣ "унсурҳои гурӯҳҳои террористӣ", аз ҷумла "Таҳрики Толибони Покистон" фаъолият доранд.

Дар посух, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, амалкарди Покистонро маҳкум кард ва гуфт, ки идомаи чунин ҳамлаҳо "оқибатҳои бад" хоҳад дошт. Сухангӯи Толибон Покистонро ҳушдор дод, ки афғонҳо ҳоло сабр мекунанд ва ин гуна ҳамлаҳо ба равобити Афғонистону Покистон осеб мерасонад.

Вазорати хориҷаи Толибон низ сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмадхонро эъзом кард ва Амирхон Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Покистон хост, то дар оянда аз чунин ҳамлаҳо даст кашад.

Носир Аҳмад Фаиқ, намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 19 апрел гуфт буд, ки аз иқдомоти Покистон ба Шӯрои Амният шикоят кардааст.

Регнум

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi