00:58:59 08-уми Июни 2025 сол

ЭРДУҒОН МЕХОҲАД ДАР ОЯНДАИ НАЗДИК БО ПУТИН ВА ЗЕЛЕНСКИЙ СӮҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДИҲАД

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия эълом дошт, ки мехоҳад дар рӯзҳои наздик бо раҳбарони Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский гуфтугӯи телефонӣ анҷом диҳад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС хабар медиҳад.

13 erdugan mekhohad dar oyanda 122145"Ман нақша дорам, ки рӯзҳои наздик бо Путин ва Зеленский сӯҳбатҳои телефонӣ анҷом диҳам" гуфт ӯ.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу гуфта буд, ки Анқара барои ташкили мулоқоти Путин ва Зеленский талош мекунад.

Дар навбати худ, Кремл хабар дод, ки "аз нуқтаи назари мавзӯъ, дар ин замина ҳеҷ навоварӣ вуҷуд надорад." Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, Путин аз чунин мулоқот даст накашидааст, аммо бояд шартҳо, яъне матни санад омода карда шаванд.

10 март Туркия бо вазирони корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба музокира анҷом дод. Ҳамчунин рӯзи 29 март дар Истамбул мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина баргузор гардида буд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854