09:54:51 04-уми Июни 2025 сол

ДОИШ масъулияти куштори азим дар Кобулро ба уҳда гирифт

Гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (ДОИШ) масъулияти инфиҷор дар солони арӯсӣ дар ғарби Кобулро ба уҳда гирифт. Дар баёнияи ин созмони террористӣ омадааст, ки аслан шиаҳоро ба нишон гирифта буд. Рӯзе қабл бар асари инфиҷори шадид дар як маросими арӯсӣ дар ғарби Кобул 64 нафар кушта ва 182 нафар захмӣ шуда буданд. Ҳамаи қурбониён ва захмиёни ин фоҷеаи бузург ғайринизомиён буданд.

janoza 45124578ДОИШ ҳамроҳ бо баёния ҳамчунин расми марди ҳамлаварро ҳам мунташир карда, ки номи ӯ Абуосим будаву шаҳрванди Покистон мебошад.

Маросими ба хок супории аксари қурбониён дар ғарби Кобул баргузор шуд. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки дар миёни кушташудагон ва захмиён шуморе аз занон ва кӯдакон низ ҳастанд. Дар гузориши пулис омадааст, ки бомбгузори худкуш вориди салони мардон дар тӯйхона шудаву ногаҳон худро мунфаҷир кардааст.

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон дар саҳифаи худ дар Твиттер бо изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон ҳамчунин навиштааст, ки “Толибон наметавонанд худро аз ин инфиҷор дур гиранд, зеро ки онҳо бистаре барои террористҳо фароҳам кардаанд”.

Ғанӣ замоне ангушти ишорат сӯйи Толибон мекунад, ки ин гурӯҳ инфиҷори ғарби Кобулро шадидан маҳкум кардааст.

Инфиҷор дар минтақае рух додааст, ки аксари бошандагони он шиамазҳабони Афғонистонанд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854