10:13:57 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар он сӯи қазияи Гулнора Каримова "ҷанги генералҳо" сар шудааст

Дар Узбакистон муовини раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишвар, ҳамзамон сардори раёсати назорат бар амнияти кормандони ин хадамот Ҳаёт Шарифхоҷаев аз мақомаш барканор шуд.

gulnora-arest-8956454521.jpgҶанги генералҳо” ё набарди онҳо барои қудрату нуфуз дар Узбакистон дар пасманзари сарусадоҳои марбут ба қазияи Гулнора Каримова, духтари калонии президент Ислом Каримов идома дорад. Бино бар манбаъҳои Бахши узбакии Радиои Озодӣ, охирин хабар аз ин “ҷабҳа” барканории муовини раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишвар, ҳамзамон сардори раёсати назорат бар амнияти кормандони ин хадамот Ҳаёт Шарифхоҷаев аст.

Як вижагии барканориҳо, истеъфоҳо ва боздошти ахири низомиён, амниятиҳо ва додситонҳои бонуфуз ин аст, ки дар бораи аз кор рафтани онҳо хабари расмие ба нашр намерасад. Ҳамин гуна дар бораи барканории Ҳаёт Шарифхоҷаев, ки моҳи гузашта рӯй додааст, низ матбуоти Узбакистон иттилоъ надодааст ва тасдиқ ё радди ин хабар аз забони ниҳодҳои расмии Тошканд дастрас нашудааст.

Яке аз кормандони собиқи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “бояд ба он диққат дод, ки барканории ин генерал бо барканории собиқ додситони кулли Узбакистон Рашидҷон Қодиров ҳамзамон афтод».

Ба гуфтаи ӯ, барканории Шарифхоҷаев натиҷаи мантиқии идомаи барканории даҳҳо афсари бонуфузи хадмоти амнияти Узбакистон дар як соли охир аст.

Чанде пеш бародарзодаи ин генерал - Ҷаҳонгир Ғуломов, раҳбари пешини раёсати додгоҳии Вазорати адлияи Узбакистон оид ба ҳавзаи Тошканд, ки дар мусодираи молу мулки Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов ширкат карда буд, боздошт шудааст.

Пештар аз ин додари Ҳаёт Шарифхоҷаев – сарҳанг ё полковник Ҷавдат Шарифхоҷаев, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ва фасод дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон низ боздошт шуда буд. Дар ҷаласаи махфии Додгоҳи ҳарбии Узбакистон Ҷадват Шарифхоҷаев бо иттиҳоми “соҳибкории ғайриқонунӣ, Фасоди молӣ ва дуздии моликияти давлатӣ” ба 4 соли ҳабс маҳкум шуд.

Аз афсарони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ки соли гузашта барканор шуданд, 10 нафар ҳамкорони Ҳаёт Шарифхоҷаев будаанд.

ПИРӮЗИИ ЯКЕ АЗ ГЕНЕРАЛҲО?

Ба ривояти манбаъҳои Радиои Озодӣ ин достонро метавон пирӯзии гурӯҳе номид, ки аз тарафи як генерали дигар - Шӯҳрат Ғуломов раҳбарӣ мешавад.

Корманди пешини Хадамоти амнияти миллии Узбакистон хабар дод, ки як соли охир байни ду даста аз афсарони баландпояи ин ниҳод таҳти сарварии генералҳо Шӯҳрат Ғуломов ва Ҳаёт Шарифхоҷаев барои ҳокимият дар хадамоти амният мубориза идома дошт.

Ба ақидаи ин манбаъ гурӯҳи Ҳаёт Шарифхоҷаев аз манфиатҳои сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев ва гурӯҳи Шӯҳрат Ғуломов аз манофеи Гулнора Каримова, духтари калонии президент Ислом Каримов ҳимоя мекунанд. Маълумоте мавҷуд аст, ки ҳарду генерал дар давраи саркӯби хунини намоиши мардумӣ дар Андиҷон дар соли 2005 ба чашми саромадон намудор ва ба мансабҳои баланд таъин шуданд.

Ҳаёт Шарифхоҷаев дар ҷашни 16-солагии истиқлолияти Узбакистон бо нишони “Шараф” мукофотонида шуд. Вай ҳамчунин дувумин раҳбаре буд, ки нисбати ҳамаи афсарони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон маълумоти шармсоркунанда дошт. Кормандон бештар аз ӯ метарсиданд, то аз раҳбари ин ниҳод Иноятов.

Ба ақидаи корманди пешини хадамоти амнияти Узбакистон Шарифхоҷаеви “тавоно” қурбонии “тактикаи моҳирона”-и генерали дигар Ғуломов гардид.

Генерали Хадамоти амнияти миллии УзбакистонШӯҳрат Ғуломов корномаи худро аз мақоми сардори раёсат дар вилояти Сурхондарё сар кардааст. Дар Шӯрои амният ва хадамот ӯҳамчун мутахассиси Афғонистон ва Тоҷикистон машҳур аст. Вай дар саркӯби Андиҷон ширкат карда, аз тарафи раисиҷумҳур Ислом Каримов ба унвони Қаҳрамони Узбакистонро даст ёфтааст.

ҶАЗО БАРОИ РАНҶОНДАНИ ГУЛНОРА?

Дар муҳосибаи ахираш ба нашрияи туркии “Ҳуррият” Гулнора Каримова мегуфт, ки Ҳаёт Шарифхоҷаев ва Ҷадват Шарифхоҷаев, ба фасод олудаанд. Дар суҳбати баъдияш бо маҷаллаи Bilan низ духтари президенти Узбакистон аз нав муовини раиси Хадамоти амният Ҳаёт Шарифхоҷаев ба фасоду ришват муттаҳам намуд.

Манбаъҳои “Озодӣ” бар инанд, ки ҳамаи он афсарон ё амалдорони далвтаӣ, ки Гулнора дар сафҳааш дар Твиттер онҳоро айбдбор мекунад, яке паси дигар бо мушкилоте гирифтор мешаванд. Яке аз кормандони собиқи риштаи амният мегӯяд, боздошти мансабдороне, ки дар мусодираи молу мулки Гулнора Каримова даст доштаанд, чизҳои зиёдеро рӯшан мекунад.

“Як факт – бародарон Ҳаёт Шарифхоҷаев ва Ҷадват Шарифхоҷаев ва Ҷаҳонгир Ғуловом дар маъракаи мусодираи молу мулки Гулнора ширкат доштанд. Факти дигар – хешовандии Ҷаҳонгир бо Шарифхоҷаевҳо. Ҳамагӣ як сол пеш ҳамаи онҳо дар муҷозоти Гулнора Каримова ширкат доштанд. Ҳоло ду хешованд дар маҳбасанд ва савумӣ аз мақомаш барканор шудааст. Додситони кулли Узбакистон Рашидҷон Қодиров, ки моҳи гузашта аз мақомаш барканор гашт, дар вақташ ҳуҷҷатҳоеро расонаӣ карда буд, ки пайвандҳои духтари президентро бо олами ҷиноӣ фош мекард.

Вай тахмин мезанад, ки талошҳои зиёдаравонаи мансабдорон, ки дар ҷараёни маъракаи зидди Гулнора Каримова ба мушоҳида расидааст, “шояд ба касе писанд наомада бошад”.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi