16:35:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Давлати исломӣ" - ҳомии дин ё нирӯи сияҳкор?

Афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар сафи нирӯҳои "Давлати исломӣ", ки дар Ироқу Сурия меҷангад, ба бовари таҳлилгарон, бояд мояи нигаронии ҷиддии Душанбе бошад. Аммо оё ин гурӯҳ аз куҷо бархоставу марзи даъвоҳои сиёсиву низомиаш то куҷо мекашад?

1-doish-terrorist-2014

Зуҳури созмони ифротгарои “Давлати исломӣ“, ки ҷангиёнаш намоишкорона инсонҳоро сар бурида ва тамоми Ховари Миёнаву ҷаҳонро ба ваҳшат андохтанд, ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, чанд омил, вале асосан решаҳои таърихӣ дорад. Ба эътиқоди онҳо, омилҳои дигари зуҳури созмони ифротӣҷанги дохилии Сурия ва сиёсатҳои дохилии Ироқ ва мубориза барои нуфуз дар Ховари Миёна аст.

“Давлати исломӣ”-ро вориси гурӯҳи “Танзим ал-Ҷиҳод” ва ё шӯъбаи ироқии  Ал-Қоида меноманд, ки онро Абӯмӯсаб ал-Зарқовӣ, як ифротгарои зодаи Урдун соли 2004 ташкил дод ва ба зидди нерӯҳои ҳукуматӣ ва нерӯҳои хориҷии ба раҳбарии Амрико меҷангид. Созмони мазкур то соли 2014 бо Ал-Қоида иртиботи наздик дошт, вале соли 2014 аз он ҷудо шуд. Ҳадафи аввалияи “Давлати Исломӣ“ таъсиси хилофат дар манотиқи суннинишини Ироқ буд ва сипас бо нерӯ гирифтанаш ин созмон эълон кард, ки мехоҳад хилофати бузурги исломӣ бисозад. Амрико ва бисёре аз кишварҳои ғарбӣ „Давлати исломӣ“-ро созмони террористӣ унвон кардаанд.

Ҳафиз Бобоёров, ҷомеашиноси тоҷик аз Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Фарҳангистони улум, мегӯяд, як омили аслии зуҳури “Давлати исломӣ“ аз мухолифатҳои мазҳабие сарчашма мегирад, ки аз замони пайдоиши ислом вуҷуд дорад: „Инҳо заминаи таърихии салафигариву ваҳҳобӣ доранд. Инҳо дар минтақа таърихан буданд ва худи ҳамин заминаҳои таърихии мазҳабсозиву ҷангҳои мазҳабӣ байни сунниву шиа, ки мо имрӯз дар „Давлати исломӣ“ мебинем. Онҳо бештар суннимазҳаб ҳастанду ба дигар мазҳабҳо нафрат доранд ва мехоҳанд, ки онҳо аслан вуҷуд надошта бошанд. Гап сари нафақат динҳо: балки сари ҷараёнҳои дохили Ислом ҳам меравад, ки ин заминаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.“

Ҳафиз Бобоёров қатли намоишкоронаи садҳо нафар аз сарбозони шиамазҳаб дар Ироқу Сурияро мисол овард, ки наворҳояшро ҷангҷӯёни „Давлати исломӣ“ дар интернет нашр карданд. Ин ҷомеашиноси тоҷик ҳамроҳи гурӯҳе аз файласуфону сиёсатшиносони тоҷик бо нашри баёнияе амалкардҳои „Давлати исломӣ“, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи мардум ва сар буридани хабарнигори амрикоӣҶеймс Фолиро ба шиддат маҳкум кардааст.

Созмони Авфи Байналмилал рӯзи 2-уми сентябр бо нашри гузориши тозае гуфт, ки „Давлати Исломӣ“ дар манотиқи ишғолкардааш дар шимоли Ироқ ба поккории қавмӣ даст задааст, ки ҷинояти ҷангӣ ба ҳисоб меравад.

Ба қавли таҳлилгари дигари тоҷик Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ, ин гуна амалкардҳои «Давлати исломӣ» ҳеҷ муштаракоте бо Ислом надоранд ва ба номи он иснод меорад: «Давлати исломии Ироқу Шом» ё маъруф ба ДИИШ ё ДОИШ то ҳанӯз чеҳраи асосии худро накушодааст ва ҳеч коршиносе низ ба пуррагӣ дар мавриди он баҳогузорӣ накардааст. Аз рӯзи нахустини фаъолияташ, ба хусус баъди ҳамла ба Ироқ, қатли оми мардуми шиамазҳаб ва ҷонибдорони ҳукумати феълии Ироқ бештар худро на ҳамчун як ҳаракати исломии мудофеи арзишу фарҳанги исломӣ, балки ҳамчун як гурӯҳи ифротии хашини бераҳм ба намоиш гузошт. Ҳатто эълони хилофати ӯ аз тарафи ҳеҷ донишмандони ислом қабул нагардида аст.»

Тарафдорони «Давлати исломӣ» тамоми арзишҳои муосири динӣ ва бахусус ғарбиро “зиддиисломӣ“ медонанд ва ҳар касе, ки мухолифи ақидаҳои он созмон ҳастанд, кофир вақатлашро ҷоиз мешуморанд. Ба эътиқоди Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ, дар муддати кӯтоҳқудратманд шудани «Давлати исломӣ» ва ишғол кардани тақрибан нисфи Ироқ аз тарафи ин созмон ба сиёсатҳои нодурусти сарвазири шиамазҳаби Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ иртибот дорад, ки баъди ба қудрат расидан, суннимазҳабонро аз ҳукумат канор зад ва ҳуқуқи онҳоро нодида гирифт.

2-doish-terrorist-2014

Мусоҳибони мо ҳамчунин ба ҷангҳои пасипардагии нуфузталабӣ дар Ховари Миёна ишора карданд, ки аз Сурия шурӯъ шуд ва домани Ироқро гирифт. Дар ин ду кишвар шиамазҳабон ҳукумат мекунанд. Ин ақида ҳам дар байни коршиносони тоҷик вуҷуд дорад, ки „Давлати исломӣ“ офаридаи баъзе аз худи кишварҳост, ки ин созмонро барои тавсиаи нуфузашон дар Сурияву Ироқ сохтаанд, вале лаҷомашро аз даст доданд.

Мустафо Бержандӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд: «Дар ибтидо онҳо аз тарафи баъзе аз кишварҳо, ба мисли Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо пуштибонӣ шуданд, вале баъд аз онки минтақаҳои васеътарро зери тасарруф гирифтанд, ба мисли шаҳрҳои Мавсилу дигар шаҳрҳоро гирифтанд, тавонистанд маблағҳои ҳангуфте ба даст биёранд ва бо аслиҳаву муҳимоте, ки аз сарбозони Сурияву Ироқ гирифтанд, мусаллаҳ шаванд.»

Ба навиштаи таҳлилгарони ғарбӣ, «Давлати исломӣ» аксаран аз афроди сарватманди кишварҳои арабии халиҷи Форс кӯмакҳои молӣ мегирад. Эрону Ироқ мегӯянд, ки бисёре аз ин пулҳо аз Арабистони Саудӣ ва Кувайт ба дасти ҷангиён мерасанд.

Ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ғояҳои ифротӣ, ки «Давлати исломӣ» ташвиқ мекунад, дар Тоҷикистон, ки аксари аҳолиаш пайрави мазҳаби мӯътадили ҳанафӣҳастанд, тарафдор надорад, вале айни замон ҷавонони ноогоҳе ҳастанд, ки дар симои «Давлати исломӣ» ба қавле «исломи пок»-ро мебинанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), танҳо ҳизби мазҳабии сабтиномшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар бораи "Давлати исломӣ" назари мусбат надорад: "Бузургтарин зарбаро ба ислом ва номи Ислом ҳамин гуруҳҳо мезананд. Созмонҳои исломӣ, уламо, андешамандон даҳсолаҳо талош мекунанд, ки номи Исломро аз террору экстремизм, хушунату ифрот ҷудо кунанд ва чеҳраи воқеии исломро муаррифӣ кунанд, ки дар он ҳам муборизаи шаръӣ барои адолат асту ҳам эътидолу ҳам сулҳ. Вале, инҳо дар як соат бо ин аъмоли зишташон заҳмати умматро ба нобудӣ мебарад ва бузургтарин ҳадяро ба душманони Ислом мекунанд."

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, то 200 ҷавони тоҷик бо баҳонаи «ҷиҳод» ба Сурия рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундраве, ба мисли «Давлати исломӣ» пайвастаанд, ки мояи изтиробу нигаронист. Як зодаи шаҳри Кӯлоб бо номи Нусрат Назаров, мулаққаб ба «Махсуми Нусрат», ки худро раҳбари ҷангиёни тоҷик дар ҷанги Сурияву Ироқ меномад ва дар онҷо лақаби “Абӯхолиди Кӯлобӣ”-ро гирифтааст, ахиран бо пахши паёми навбати видеоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кард, ки шумори ҷангиёни тоҷик дар Ховари Миёна ба 600 нафар расидааст.

Бино ба гузоришҳо, чанде пеш Абӯбакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари «Давлати исломӣ», як ҷавони тоҷикро амири Раққа ном як минтақаи бузурги Ироқ таъйин кардааст. Баъзе аз ин гуна ҷавонон ошкоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар «Одноклассники» ғояҳои «Давлати исломӣ»-ро тарғиб мекунанд ва аз ҳамсолонашон мехоҳанд, барои ҷанг ба хотири Ислому таъсиси хилофати воҳид ба сафи «Давлати исломӣ» пайванданд.

Вақте ин матлаб барои чоп омода мешуд, ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Интернет навори наверо гузоштанд, ки гумон меравад, саҳнаи қатли боз як журналисти амрикоӣ Стивен Сотлофф дар Сурия бошад. Ба дунбол, шоми 2 сентябр раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҷиҳатти ирсоли 350 низомии изофӣ ба Ироқ фармон дод. Кохи Сафед гуфт, ин нирӯҳо барои "ҳимояти таъсисоти дипломатӣ ва ходимони мо дар Ироқ" дар ҳоле фиристода мешаванд, ки "мо пуштибонӣ аз давлати Ироқ дар набардаш алайҳи "Давлати исломӣ"-ро идома медиҳем. Аммо таъкид шуда, ки ин нирӯҳои изофии Амрико нақши ҷангӣ надоранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi