07:48:57 16-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Русия - ИМА: Зиракии Путин ё хомии Обама?

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Дар равобит миёни Русия ва Амрико даврае фаро расид, ки ҷонибҳоро водор хоҳад кард ба сиёсатҳои пешгирифтаи худ як бори дигар андешанд. Муқовимати ошкоро дар масъалаҳои калидии байналмилалӣ, садди роҳи яке шудан ба султахоҳии дигаре, эълонҳои пайдарҳами Вашингтон дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон дар Русия ва боз чанд масъалае вуҷуд дорад, ки билохира бо рӯёрӯӣ ва муқовимат наметавон ба ҳалли он наздик шуд.

1_edvard-4566465Ахиран паноҳанда шудани ифшогари амрикоӣ Эдвард Сноуден ба деги ин ҳама муқовиматҳо равған рехт. Дар Амрико президент Обамаро ба камфаъолиятӣ муттаҳам карданд ва ҳатто кор ба ҷое расид, ки вай аввал мехост ҷаласаи G20-ро таҳрим кунад, аммо баъдан эълон шуд, ки Обама ширкат хоҳад кард, вале мулоқоташ бо Путинро лағв мекунад. Ҳамчунин иддае аз намояндагони Конгресс даъват карданд, ки ИМА бозиҳои Олимпиадаи зимистона дар Сочиро таҳрим кунад, вале ин гуна даъватҳо сари вақт рад карда шуданд. Варзиш сиёсат нест!

"Таваққуф" дар рушди равобит

Замоне ду ҷониб талош карданд, ки дар равобити шахшудаи байни ду кишвар ҷунбишеро ба вуҷуд оранд. Тадриҷан муддате дар ҳалли масоиле аз қабили коҳиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ, баррасии баъзе масъалаҳои умумӣ дар арсаи байналмилалӣ иттифоқи назар ҳам пайдо шуд. Ҳатто Русия аз тарҳи ҷанг дар Либия пуштибонӣ кард, вале баъдан изҳор дошт, ки ин пуштибонӣ иштибоҳи ҷуброннопазир буд.

Ҳолатҳои дигаре пеш омаданд ва дар ҳамаи он Маскав имзои худ зери қатъномаи ҷанг дар Либияро пеш назар меовард ва чун як фиребхӯрдаи сиёсат ба ҳама тарҳҳои пешниҳодӣ дар ҳалли ин ё он мушкилоти байналмилалӣ шубҳа мекард. Ин буд, ки баъди Либия ҳарчанд Сурия мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, вале Маскав дигар аз ягон тарҳи таҳрим ва ё ҳамла пуштибонӣ накард. Таҳримҳо алайҳи Эрон низ ноком монданд. Амрико ва Аврупо дар алоҳидагӣ таҳрим эълон карданд, вале тарҳи байналмилалии он ки боз ҳам аз ҷониби ИМА ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод шуда буд, бино ба эътироз ва ветои Маскав ва Пекин пазируфта нашуд.

Тадриҷан равобити ду кишвар тундтар аз пештар шуд. Ба муҷарради бозгашти Путин ба Кремл Маскав як сиёсати оштинопазирона ба султахоҳиҳои Амрикоро пеш гирифт ва то ба имрӯз ин сиёсат идома дорад. Эдвард Сноуден, ки муддати дароз дар фурудгоҳ буд ва ҳарчанд харидорони зиёд аз миёни кишварҳои Амрикои Лотин дошт, вале намедонист куҷо равад, кадом кишварро бипазирад, оқибат дар худи Русия ором гирифт.

Ва шояд баъди ҳамин Вашингтон гуфт, ки дар оддӣ шудани равобиташ бо Маскав муддате таваққуф эълон мекунад. Аммо ин дар ҷомеаи коршиносони Русия ҳар гуна маънидод шуд. Сиёсатшинос, директори Маркази таҳқиқоти сиёсии Донишгоҳи молияи Русия Павел Салин гуфт:

"Фикр мекунам барои мо ин "таваққуф" ягон оқибати манфӣ надорад, зеро муносибат байни Маскав ва Вашингтон ҳатто дар замоне, ки ҷонибҳо ҳусни ният доштанд равобиташонро беҳбуд мебахшанд, танҳо бо сухан гарм буд. Дар асл он аз августи соли 2008, ки амрикоиҳо ба натиҷа расиданд, ки Медведев президенти либералие нахоҳад буд, ки зери Амрико бихобад, рӯ ба вахомат гароид. Рӯйдоди Сноуден албатта, ба равобити дуҷониба таъсири манфӣ расонд ва Обама дар ин иртибот номувофақатиҳое дар дохили киҳшвар соҳиб шуд, ки латмае ба обрӯи сиёсии вай зад. Ба ҳадде, ки ҳатто баъзе ҳамсафонаш ӯро мавриди интиқод қарор медиҳанд. Ба андешаи ман паёме, ки Лавров аз Путин бурда буд, Обамаро қонеъ нанамуд. Шояд умедвор буд, ки мавқеъи Маскав дар иртибот ба Сноуден нармтар мешавад, вале чунин нашуд. Ин буд, ки Обама фосила гирифт".

Ин таҳлилгар бар ин назар аст, ки ИМА чандон зиёд омили фишор болои элитаи рус надорад, ки Маскавро безобита ва водор ба гуфтушунид кунад. Ягона фишоре, ки метавонад корсоз бошад, ин ифшои ҳисобҳои бонкии нухбагони рус дар бонкҳои машҳури ҷаҳон аст. Аз сӯи дигар шояд дар ниҳояти кор Вашингтон бо истифода аз имкониятҳои Аврупо рӯйхати Магнитскийро такмил диҳад ва беш аз имрӯз шахсиятҳои дигари таъсиргузор дар сиёсатҳои Русия шомили ин рӯйхат шаванд. Вале коршинос баъид медонад, ки дар ин марҳила Амрико даст ба ин иқдом занад. 

Павел Салин иртибот миёни ИМА ва Русияро шаклгирифта дар сатҳи лафзӣ медонад, на ки чун иртибот бо Аврупост, ки иқтисод дар мадди аввал аст. "Аммо нухбагони мо маҳз мувофиқ ба дараҷаҳои  иқтисодӣ меандешанд, масалан он ки ин ё он иқдоми ИМА чӣ гуна метавонад ба иқтисодиёти Русия ва ҷайби нухбагони рус таъсир мерасонад. Ҳоло ҳеҷ таъсире надорад. Мудиҳиштарин чизе, ки метавонад сурат гирад, он аст, ки баъзеи онҳо аз рафтан ба Амрикову Аврупо маҳрум гарданд", - менависад Салин.

Коршиноси рус омили гурӯҳҳои таъсиргузор дар равобити байналмилалии ду кишварро дар бӯҳрони ҷорӣ рад намекунад, чун ин як чизи табиист ва мегӯяд дар ҳар кишвар гурӯҳҳо ва ҳатто шахсиятҳое ҳастанд, ки манофеи худро дар ин ё тасмим ва иқдом поймолшуда мебинанд ва мекӯшанд он амалӣ нагардад.

"Ҳам дар Русия ва ҳам дар Амрико гурӯҳҳое ҳастанд, ки онҳоро метавон "хардлайнерҳо" (ҷонибдорони хати устувор ё дурушт) номид. Онҳо воқеъияти замони ҷанги сардро дар мадди назар доранд. Ин гуна афрод дар ду кишвар вуҷуд доранд ва дар ИМА ин афрод  мехоҳанд бо назардошти он замон тасмимгириҳо сурат гиранд. Яъне, замони "ҷанги сард" барои онҳо ҳамоно сипаринашуда боқӣ мондааст ва ҳатто дар рӯйдодҳои имрӯз нишонаҳои такрори ҳамон ҷанги сардро мебинанд. Дар ин муҳит онҳо худро хеле роҳат ҳисс мекунанд, зеро дар он хеле рушан дида мешавад, ки кӣ дӯст ва кӣ душман".

Аммо Салин дар мавриди Обама назари дигар дорад. Вай президенти Амрикоро сиёсатмадори насли нав медонад. Обама хуб дарк ҳам мекунад, ки замони ҷанги сард кайҳо гузаштааст, ҳатто хуб ҳам медонад, ки ҷаҳони якқутбӣ низ бо ҳузури Амрико ба аҳди худ ҳусни анҷом бахшидааст. Дар вазъи имрӯз бояд дигаргуна бархӯрд кард, -мегӯяд ӯ.

Нишасти G20, мулоқоти ду сарвар ва моҷарои Сноуден

Дар остонаи тирашавии дубораи равобит миёни Русия ва ИМА омилҳои зиёде нақш бозиданд, вале баҳонаи аслӣ ба ифшогари амрикоӣ додани мақоми паноҳандагӣ дар Русия буд ва Кохи Сафед ин ҳамаро бозии Кремл медонад. Дар ҳамоиши бузурги G20 қарор шуд, ки Барак Обама ширкат мекунад, вале бо Путин мулоқоти як ба як нахоҳад дошт.

2 edvard-4566465

Ин дар ҳолест, ки ду сарвар тасмим доштанд бо ҳам дидор кунанд ва сари масоили равобити дуҷониба ва масъалаҳои баҳсбарангези сиёсати ҷаҳонӣ баҳс намоянд. Associated Press аз қавли ноиби мушовир оид ба амнияти миллии ИМА Бер Родс навишта буд: "Мо ба рушди ҳамкориҳои худ бо Русия идома медиҳем, дар бисёр масъалаҳо, бахусус дар масоиле, ки бо ҳам иттифоқи назар дорем гуфтугӯҳо давом хоҳанд ёфт, вале Барак Обама баъди машварат бо мушовиронаш ба ин натиҷа расид, ки дар ин марҳила мулоқоти сарварони олии ду кишвар маъно надорад".

Метавон гуфт, ки иқдоми Вашингтон посух ба муносибати Маскав ба ифшогари амрикоӣ Сноуден буд. Аммо таҳлилгарони масоили амниятӣ масоили дигарро ҳам дар ин замина ба таҳлил мекашанд ва мегӯянд танҳо ҳодисаи паноҳандагӣ дарёфт кардани Сноуден наметавонист муҷиби ин гуна тасмим дар Кохи Сафед шавад. Ин ҷо масъалаҳои дигари баҳсбарангезе низ вуҷуд доранд, ки то ҳол гурӯҳҳои кории таъсисшуда сари мақсад наомадаанд. Аз ҷумла, ҷойгиркунии мушакҳои амрикоии зидди ҳамлаи ҳавоӣ дар Аврупо, вазъи Сурия, барномаҳои ҳастаии Эрон, риояи ҳуқуқи башар дар Русия ва ғайра мебошанд, ки то ҳол ҳеҷ тавофуқи усулие ҳам ҳосил нашудааст ва ду сарвар шояд ба ин хулоса омаданд, ки азбаски кор ҳоло хом аст, мулоқот маъно надорад.   

Пирӯзии «Хирси сафед, бар Сэма - амаки накукор»

Ахиран шореҳи нашрияи олмонии "Die Welt" Жак Шустер махсусиятҳои сиёсати Русия баъди суқути Иттиҳоди Шӯравиро мавриди таҳлил қарор дода, ба ин натиҷа расидааст, ки Владимир Путин сустиҳои Барак Обамаро хуб омӯхтааст ва қадам ба қадам ба ҳарими ин сустиҳо ворид мешавад ва бурд мекунад. "Дар ҷанги сиёсии бидуни қоида Сэма-амаки пирсоли накукорро "хирси русӣ" пирӯз меояд", менависад муаллиф.

Ба ақидаи Жак Шустер низоми Шӯравиии вақтро, ки ҳафт даҳсола олами ғарбро зери тарсу ҳарос нигоҳ медошт, беҳокимиятӣ бо ҳама шеваҳои идораи он ҷойгузин шуд, ки сиёсати зӯрӣ яке аз он шеваҳост. Путин маҳз бо ҳамин силоҳ беш аз пеш бо боварӣ мусаллаҳ мешавад ва "ҳамеша дар ҷустуҷӯи бархӯрду пархош бо ҳарифони қаблии худ аст".

Дар масъалаи аз ҷониби Путин зуд пайдо карда шудани ҷанбаҳои сустии Барак Обама журналист мисолҳои зиёде меорад. Чунончӣ, ба муҷарради он ки Обама фармони хуруҷи флоти шашуми ИМА-ро аз баҳри Миёназамин содир намуд, Путин зуд киштиҳои ҳарбии Русияро ба ҷойи холишуда эъзом кард. Ва ё: замоне, ки сарвари Кохи Сафед дар андеша буд, ки бо Сурия ва президенти саркаши он чӣ бояд кунад, Путин на танҳо Башор Асадро пуштибонӣ кард, балки тибқи қарордоди пешин мушакҳои ҳифозатии С-300-ро ба Димишқ ирсол намуд, ки ба навиштаи ин журналист на танҳо таносуби нерӯҳоро дар минтақа тағйир дод, балки имкониятҳои амалӣ гаштани талоши Ғарб дар мавриди бунёди фазои бидуни парвозро низ заъиф сохт. Ва ҳамчунин дар масъалаи Эдвард Сноуден рафтор кард ва на танҳо ба таҳдидҳои Обама таслим нашуд, балки бар хилофи хостаҳои ӯ нагузошт, ки ифшогари амрикоӣ дар дигар кишвар паногоҳ ёбад, ин ҳақро ба худ нисбат дод ва ҳоло ба мудати як сол барои Сноуден иҷозаи иқомат дар Русия дод.  

Шустер менависад: "Сиёсат ба мисоли тарозу аст, агар ҷонибе заъиф мегардад, паллаи дигари тарозуро тарафи дигар зер мекунад ва даст ба қасос мезанад. Ва ин бозӣ дар ҳеҷ замоне хотима намеёбад. Сабаб он аст, ки Владимир Путин Барак Обамаро заъифе беш намедонад, ки бидуни зарурат аз тарҳи бунёди сипари зиддимушакӣ дар Чехия ва Лаҳистон даст кашид ва ба муттаҳидонаш дар Аврупо чандон аҷр намегузорад. Қарори Вашингтон дар мавриди ворид нашудан ба Либия ва ба он минтақа фиристодани фаронсавиҳову британиёиҳо ин гуна нуқтаи назарро тақвият дод". 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi