02:20:54 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Заур Дадаев: Агар қатли Немтсов ба гардан намегирифтам, худамро мекуштанд

Заур Дадаев, гумонбари асосӣ дар қатли раҳбари мухолифини Русия Борис Немтсов аз баёноти аввалияаш даст кашида, гуфтааст, дар ин куштор даст надорад.

zaur-dadaev_23564512.jpgБино ба гузориши рӯзномаи "МК", чопи Маскав, Заур Дадаев, гумонбари асосӣ дар қатли пурсарусадои раҳбари мухолифини Русия Борис Немтсов дар боздоштгоҳ ба намояндагони ОНК (Общественная наблюдательная комиссия – кумиссиюни назоратии  ҷамъиятӣ) аз эътирофи аввалаш даст кашида гуфтааст, ки ӯ дар куштори Немтсов даст надорад.

ОНК  риояи ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳҳои зиндонҳои Русияро назорат мекунад ва ҳомиёни ҳуқуқ, ки ҳамроҳ бо хабарнигори рӯзномаи «МК»-и чопи Маскав дар боздоштгоҳи Лефортовои шаҳри Маскав аз Заур Дадаев ва бародарон Губашовҳо – 3 гумонбари асосӣ дар парвандаи қатли Немтсов – боздид карданд, мегӯянд, дар бадани Дадаев осори шиканҷа мушоҳида мешуд.

Заур Дадаев, бародарон Анзор ва Шаҳид Губашовҳо, ҳамчунин Ҳамзат Бахаев ва Темурлан Аскархонов – ҳама зодагони ҷумҳурии Чеченистон дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия – аз 5 то 8 март бо гумони даст доштан дар қатли Борис Немтсов дастгир шуданд. Рӯзи 8 март додситон дар додгоҳи Маскав зимни дархости ҳукми боздошти ин гумонбарон гуфт, Заур Дадаев даст доштанаш дар ин ҷиноятро ба гардан гирифтааст. Баъдан расонаҳои Русия бо такя ба як манбаи наздик ба ҷараёни бозпурсии ин гумонбарон гуфт, Заур Дадаев эътироф кардааст, ки Борис Немтсовро барои таҳқири батакрори мусалмонони сокини Русия ва Паёмбари Ислом Муҳаммад (С) ва дини Ислом дар маҷмӯъ куштаанд.

Аммо Заур Дадаев ва бародарони Губашовҳо дар сӯҳбат бо ҳомиёни ҳуқуқ аз ОНК шикоят кардаанд, ки онҳо дар боздошт таҳти латукӯб ва шиканҷа қарор доштанд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки зӯроварӣ нисбат ба онҳо дар ҷараёни боздошт ва ба Маскав интиқол додани гумонбарон сурат гирифтааст ваё бевосита дар ҷараёни бозпурсиҳо дар чорчӯби тафтиши парвандаи қатли Немтсов?

Шаҳид Губашов аз ҷумла ба ҳомиёни ҳуқуқ нақл кардааст, ки вақте онҳо хабари дар Ингушистон боздошт шудани хеши дурашон Заур Дадаевро шуниданд, барои маълум кардани асли қазия ба онҷо рафтанд, вале шаби 6 ба 7 март баробари расидан ба ноҳияи Малгобеки Ингушистон онҳоро ҳам дастгир карда, ба чашмонашон чашмбанди сиёҳ пӯшондаанд.  Ба ин суоли ҳомиёни ҳуқуқ, ки оё ба онҳо имкони як занг задан доданд?, Шаҳид Губашов гуфтааст:

«- Аз куҷо?! Ман мешунидам, ки чи гуна бародарамро сахт мекӯфтанд. Баъд моро ба як ҳуҷра дароварданд ва боз заданд.

– Шуморо кӣ зад?

- Онҳо худро муаррифӣ накарданд. Якдигарро Михалич ва Петрович садо мекарданд… Баъд талаб карданд, то ман эътироф кунам, ки Немтсовро мо куштаем.Баъд ба сари мо халта кашиданд ва танҳо вақте ба Маскав расидем, халтаҳоро аз сарамон гирифтанд."

Шаҳид Губашов аз ҳомиёни ҳуқуқ хостааст, ки маълум кунанд, ки «чаро моро заданд ва чаро мо дар боздоштгоҳем? Мо гуноҳ надорем.»  Аммо бародари ӯ Анзор Губашов зимни аёдати ҳомиёни ҳуқуқ гуфт, шикояте надорад ва варамҳое, ки дар баданаш ҳаст, аз пешанд.

Заур Дадаев, нафаре ки ташкилкунандаи сӯъиқасд ба ҷони Борис Немтсов ном бурда мешавад, билофосила ба ҳомиёни ҳуқуқ осори дар танаш боқӣ гузоштаи завлонаву занҷирҳои пойҳоро нишон дода, гуфтаст, баъди боздошт боисрор ба сараш дод мезаданд, ки «Немтсовро ту куштӣ

Заур Дадаев, ки ба гуфтаи додситон, қаблан даст доштанаш дар ин кушторро ба гардан гирифта буд, ба намояндагони ОНК гуфтааст, ки ӯ ба хотири наҷоти зердасти собиқаш Руслан Юсупов, ки ҳамроҳи вай боздошт шуда буд, эътирофи гуноҳ кардааст: «Онҳо гуфтанд, ки агар ман иқрор кунам, ӯро сар медиҳанд. Ман розӣ шудам. Фикр кардам, ки ҳам ӯро наҷот медиҳам ва ҳам худамро то Маскав зинда мебаранд. Вагарна ба сари ман ҳам ончӣ ки ба сари Шаванов омад, меомад.»

Беслан Шаванов рӯзи 8 март ҳангоми боздошташ дар як минтақаи шаҳри Грозний бар асари таркиши норинҷаке, ки ба гуфтаи пулис, ӯ алайҳи нирӯҳои пулис ҳаво доданӣ буд, кушта шуд. Аммо мақомот 5 нафар -  Заур Дадаев, Анзор ва Шаҳид Губашовҳо, Ҳамзат Бахаев ва Темурлан Аскархоновро  бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Немтсов дастгир карданд. Додгоҳи минтақаи Басманнаяи шаҳри Маскав рӯзи 8 март Дадаев ва Анзор Губашовро бо иттиҳоми даст доштан дар ин қатл ва сеи дигарр ҳамчун гумонбар ба ҳабс гирифт.

Заур Дадаев гуфтааст, 11 сол дар мақомотии интизомӣ «алайҳи ҷинояткорӣ мубориза бурдааст», вале ӯро рӯзи 28 феврал аз хидмат барканор карданд: «Ман дар байни як ҳафта аз қаҳрамон ба ҷинояткор табдил ёфтам.» Дадаев ҳамчунин ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтааст, «ман фикр мекардам, ки вақте ба Маскав меоранд маро, дар додгоҳ тамоми ҳақиқатро хоҳам гуфт. Мегӯям, ки ман гунаҳкор нестам. Вале додрас ба ман ҳатто сухан надод.»

Хабаргузории русии "Росбалт" аз қавли як манбаи наздик ба тафтиши парвандаи Борис Немтсов хабар дод, ки Заур Дадаев, гумонбари асосӣ дар қатли ин раҳбари мухолифини Русия гуфтааст, ки Немтсовро барои сӯҳбатҳои манфиаш дар бораи мусалмонони Русия ва дар маҷмӯъ дар бораи Ислом куштаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Дадаев гуфтааст, дар моҳи январ фаҳмид, ки Борис Немтсов дар бораи мусалмонони сокини Русия, паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ва дар маҷмӯъ дар бораи дини Ислом чандин бор ҳарфҳои таҳқиромез задааст. Дадаев гуфтааст, ӯҳамчун мусалмони хеле эътиқодманд ба ин тоқат карда натавонист ва бо нақшаи ташкили куштори сиёсатмадори мухолиф дастбакор шуд.

Ҷузъиёти аз ин бештаре ҳанӯз дастрас нест, вале зоҳиран сухан дар бораи ҳамлаи моҳи январи исломгароҳо ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо" дар Порис, пойтахти Фаронса меравад. Баъди он бисёриҳо дар Аврупо ба нишони ҳимоят аз ин маҷалла нашри карикатураҳои Паёмбари Ислом Муҳаммад(с)-ро ҳамчун як рукни озодии баён ҳимоят карданд. Немтсов низ дар ҷумлаи тарафдорони маҷалла буд, вале ба ҳадде фаъолона, ки ҳадафи асосӣқарор бигирад.

Ба гуфтаи манбаи "Росбалт", "Дадаев амалан дар ташкили ин ҷиноят иқрор кард. Аз ин рӯ, набояд мунтазири кадом боздоштҳо ва ифшои ҷузъиёти пурсарусадо дар чорчӯби ин парванда шуд."

Рӯзи 8 март Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон низ ба ҳамин нукта -  "сахт муттассир шудан"-и Заур Дадаев аз ҳангомаи атрофи қазияи маҷаллаи "Шарли Эбдо" - таъкид ва аз Заур Дадаев ва Беслан Шерванов ба ҳайси “ватандӯстони Русия” ситоиш кард. Ӯ дар мавриди Заур Дадаев гуфт, “ӯ наметавонит алайҳи Русия, ки барояш солҳои зиёде ҷонбозӣ кардааст, ҳатто як қадам гузорад.”

Рӯзи 9 март раисиҷумҳури Русия Владимир Путин Рамазон Қодировро бо ордени Шараф сарфароз гардонд, ки мояи ҳадсу гумонҳое дар бораи воқеъиятҳои ҳанӯз махуфе дар атрофи парвандаи Немтсов шуд.

Немтсов, собиқ муовини якуми сарвазири Русия ва раҳбари ҳизби мухолифи РПР -ПАРНАС шаби 27 ба 28 феврал бар асари сӯъиқасди мусаллаҳона дар маркази шаҳри Маскав, дар ҳамагӣ чандсадметрии Кремл кушта шуд.

Борис Немтсов  вақте кушта шуд, ки пои поёда ҳамроҳи дӯстдухтари 23-солааш Анна Дуритская баъди адои хӯроки шом ба хона бармегашт. Вале вақте ин ҷуфт аз пули Василевский дар рӯбарӯи Кремл мегузашт, аз дохили як мошин ба тарафи сиёсатмадор 8 тир андохтанд. 4 тир ба бадани Немтсов расида, сабаби марги ӯ дар ҷои ҳодиса шуд.

Иттифоқан ҳамон шаб камераҳои рӯи пули Василевский дар ... тармим будаанд ва кор намекарданд. Бо ин вуҷуд, мақомоти тафтишотӣ тавонистанд тавассути камераҳои шабакаи “Поток” (чизе шабеҳи шабакаи камераҳои “Шаҳри бехатар” дар Душанбе) роҳи фирори мошини ҳамлагаронро пайгирӣ кунанд ва аз дигар камераҳои назоратии насбшуда дар роҳи фирори ин мошин чеҳраҳои афроди нишаста дар дохилашро ба даст биоранд. Расонаҳои русӣ менависанд, боздошти дастикам 5 зодаи минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолӣ асосан дар натиҷаи ҳамин таҳқиқот муяссар шудааст.

Бо вуҷуди боздошти инак дастикам 5 гумонбар ангезаи даст ба қатли раҳбари мухолифин задани онҳо ҳамчунон норӯшан боқӣ мемонад. Ёрони Борис Немтсов мӯътақиданд, ки қатли ӯро дар сатҳи баланди ҳукумат ва бо ҳадафи бастани даҳони мухолифон дастур додаанд.

Ин иддао аз тарафи мақомоти Русия башиддат рад карда мешавад. Кремл мегӯяд, баръакс ҳадаф аз куштани Немтсов бадном кардани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аст. Худи Путин ба модари Немтсов ваъда дод, ки кушандаҳои писарашро ёфта, ба  масъулият мекашонад. Ӯҳамчунин ахиран аз мақомоти амниятиву интизомии кишвараш даъват кард, то номи Русияро аз чунин “шармандагиҳо”, ба мисли қатли дигарандешон, пок кунанд.

Борис Ефимович Немтсов аз сиёсатмадорони барҷастаи чоряк асри охири Русия ба шумор меравад.  Ӯ соли 1959 дар шаҳри Сочи таваллуд шуда, соли 1989, вақте ҳамагӣ 30 сол дошт, вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

Соли 1991, дар синни 32 ӯ волии вилояти Нижний Новгород интихоб шуд. Соли 1997 муовини сарвазир ва як муддат ҳамзамон вазири энержии Русия буд.

Ӯро як муддат  ҳатто вориси эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ҳам ном мебурданд. Аммо дар натиҷаи “тавтиаҳои дарборӣ” Елтсин дар соли 1999 дар ниҳоят Владимир Путинро вориси худ интихоб кард, на Немтсовро. Немтсов дар интихоботи соли 2000 аз Путин пуштибонӣ кард, вале хеле зуд ба тарафи мухолифини ӯ гузашт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi