19:00:12 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чораҷӯиҳои нави Қирғизистон алайҳи аъзои "Давлати исломӣ"

Дар Қирғизистон афроде, ки дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳ дар хориҷ аз он кишвар дар ҷангҳо ширкат мекунанд, аз 8 то 15 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

igil-kazak-874521Алмосбек Атамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон иловаи наверо дар қонуни ҷиноии кишвараш имзо кард. Бар асоси ин иловаи нав, акнун ононе, ки аз Қирғизистон дар таркиби гурӯҳҳои мусаллаҳ дар хориҷ аз кишвар дар ҷангҳо ширкат мекунанд, аз 8 то 15 сол маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.

Артур Медетбеков, коршиноси умури терроризм ва яке аз собиқадорони нерӯҳои вижаи зиддитеррори “Алфа”-и Қирғизистон дар гуфтугӯ бо мо дар ибтидо ба ин пурсиш, ки чӣ омил Қирғизистонро водор кард, то дар қонуни ҷиноии худ ё Кодекси ҷиноятӣ ин тағйиротро ворид кунад, гуфт

Медетбеков: Мубориза бо терроризм ва тундгароии  байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ҳоло аз Қирғизистон 422 шаҳрванд дар таркиби гурӯҳҳои тундрави “Давлати Исломӣҷанг мекунанд, ки аз онҳо 55 нафарашонро занон ва ҳатто духтарон ташкил медиҳанд. Онҳо дар Сурияву Ироқ дар даргириҳо гӯё барои ташкили Хилофати ояндаи исломӣ ширкат мекунанд. Хилофате, ки онҳо иддао мекунанд, қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистонро низ дар бар мегирад. Барои ҳамин Қирғизистон тадбири пешгирикунанда андешид.

Ин иловаро дар қонун бояд хеле пештар ворид мекарданд. Ҳоло бисёре аз ҷавонон на танҳо ба Сурия ё Ироқ мераванд, балки ҷавононе низ ҳастанд, ки ба Украина мераванд ва ба ҷонибдорӣ аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва ё ба ҷонибдорӣ аз мухолифони ҷудоихоҳи ҳукумат дар ҷангҳо ширкат мекунанд. Ин илова барои он аст, ки шаҳрвандони кишвари мо ҳангоми рафтан ба минтақаҳои ҷанг масъулиятро ҳис кунанд ва фикр кунанд, ки ба куҷо мераванд, чун онҳо барои ширкат дар ҷангҳо ва одамкушӣ бояд ба муҷозот кашонда шаванд.

-То чӣ андоза ин иловаи нав амнияти иҷтимоиро дар Қирғизистон метавонад таъмин кунад?

-Ин илова, ба таъмини амнияти давлатӣ кӯмак мекунад. Гузашта аз ин, агар касе бихоҳад, ки ба ин гурӯҳҳо бипайвандад, пеш аз пайвастан дар бораи оқибатҳои он фикр мекунад. Бар асоси ин илова, акнун шахсонеро, ки барои пайвастан ба чунин гурӯҳҳо омодагӣ мегиранд, боздошт кардан мумкин аст. Онҳо наметавонанд фикру ақидаҳои худро ба атрофиёнашон таблиғ кунанд. Барои ҳамин ин илова ба вазъи ҷомеа ва таъмини амнияти иҷтимоӣ таъсири мусбат хоҳад дошт.

-Оё ин ислоҳоти қонун ба эмиссарҳо ё таблиғгарони ақидаҳои тундгароӣ, ки шаҳрвандонро барои рафтан ба Сурияву Ироқ ташвиқ мекунанд, дахл дорад?

оло роҳҳои гуногуни ташвиқу таблиғ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Аз телефонҳои ҳамроҳ ва аз созмонҳои ғайриқонунии махфӣ истифода мекунанд. Ғайр аз ин созмондиҳандагони пинҳонӣҳастанд. Эмиссарҳо ҳам ҳастанд, ки зери чатри ягон созмон ворид мешаванд. Барои ҳамин, ин қонун ба ин гурӯҳи одамон низ дахл дорад.

Ба ҷуз аз ин иловаи нав, дар қонун пештар ҳам буд, ки ҳангоми ифшои қонуншиканӣ аз он пешгирӣ мекунанд ва гунаҳгорон табқи қонун ҷавоб медиҳанд. Ҳоло бо пеш омадани тағйирот дар ҷурму ҷиноятҳои байналмиллалӣ ин илова дар ҳамин арса нақши боздоранда дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi