18:51:49 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

"Бонуи ғазали Эрон" 86-сола шуд

Симини Беҳбаҳонӣ, “бонуи ғазали Эрон”, ки дар Тоҷикистону Афғонистон ҳам ҳаводори зиёд дорад, имрӯз 86-сола шуд. Ӯ, ки беш аз 63 навъи вазни навро дар шеъри форсӣ эҷод кардааст, дар шеъри муосири тоҷик ҳам таъсир гузоштааст. Симини Беҳбаҳонӣ, ки 19 июли соли 1927 дар Теҳрон ба дунё омадааст, аз 12 солагӣ ба шеър майл пайдо кард ва дар 24 солагӣ нахустин дафтари шеъраш бо номи “Ситорашикаста” мунташир шуд.

simin-shoira-2013Андешаи дамидани ҳавои тоза ба вазну пайкараи ғазал аз ҷавонӣ дар Симини Беҳбаҳонӣ пурранг шуд ва ба тадриҷ мавзӯъ ва мазмуни рӯз дар сурудаҳояш ҷой гирифт. Аз моҳи марти соли 2010 мақомоти Эрон ба ӯ иҷозаи сафар ба хориҷро надоданд, аммо пеш аз ин ӯ гоҳ-гоҳе ба Аврупо ва Амрикои Шимолӣ меомад ва дар шабҳои шеъру сухан ширкат мекард.

Хонуми Беҳбаҳонӣ дар яке аз ин сафарҳои фарҳангӣ бо даъвати Донишгоҳи Кёлни Олмон дар баробари ҳаводоронаш доир ба зиндагӣ ва шеъраш чунин гуфта буд: “Дар чаҳордаҳсолагӣ шеърҳое сурудам, ки дар мадраса хонда ва муаллимам маро ташвиқ кард. Модарам нахустин ғазали маро барои рӯзномаи “Навбаҳор”, ки ба мудирияти маликушуаро Баҳор фиристод ва шеърам чоп шуд. Матлаъи ғазал чунин буд:

“Эй тӯдаи гуруснаву нолон, чӣ мекунӣ?  

Эй миллати фақиру парешон, чӣ мекунӣ?”

Симини Беҳбаҳонӣ мегӯяд, аз замони донишҷӯиаш ҳадафи шеъраш мубориза бо ситам буд ва озодагиро шарти муқаддами шоирӣ медонист ва ба ҳеҷ мақому ҳеҷ қудрате сар фуруд наёвард. Симини Беҳбаҳонӣ, зимни шоирӣ ва нависандагӣ 30 сол ҳам шуғли муаллимиро дошт. Ин бонуи ғазали Эрон агарчӣ риштаи ҳуқуқро дар Донишгоҳи Теҳрон хатм кардааст, вале ҳеҷ гоҳ шуғли вакилиро пеша накардааст. Ӯ 35 сол аст, ки дар Конуни Нависандагони Эрон узвият дорад.

Хонуми Беҳбаҳонӣ на танҳо дар Эрон, балки дар Тоҷикистону Афғонистон ҳам ҳаводорони зиёд дорад ва сурудаҳои ӯро дар ҳарду кишвар оҳанг бастаанд. Бисёре аз насли миёнасоли тоҷик таронаи овозхони шаҳири афғон Аҳмад Зоҳир “Чун дарахти фарвардин пуршукфта шуд, ҷонам”-ро медонанд, ки аз қалами Симини Беҳбаҳонӣ рехтааст. Исфандиёри Назар, муҳаққиқ ва адиби тоҷик, ки ҳаққи чопи ашъори Симини Беҳбаҳониро дар Тоҷикистон дорад, тақрибан як сол пеш маҷмӯаи ашъори Симини Беҳбаҳониро зери унвони “Як доман гул” нашр кард, ки 9 дафтари мукаммалпи шеъри ӯро дар бар гирифтааст.

Исфандиёри Назар дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз онҷо ки хоҳишмандони девони хонум Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон зиёд аст, онҳо қасд доранд, дигарбора ашъори ӯро дар кишвар ба хати кириллӣ нашр кунанд. Ӯ афзуд, хонуми Беҳбаҳонӣ дар мулоқот бо ӯ хостааст, девони баъдиро бо ашъори тоза ва мукаммал чоп кунад. Адиби тоҷик афзуд, ашъори Симини Беҳбаҳонӣ ҳанӯз аз замони шӯравӣ ва баъди он тайи 30 соли ахир пайваста дар матбуоти кишвар нашр мешавад ва бешак навиштаҳои ӯ ба ашъори адибони тоҷик ҳам таъсир гузоштааст:

“Фарзона, ки як шоири саршиноси тоҷик аст, ман фикр намекунам, ки осори вай бе таъсири Симин офарида шуда бошад. Ғазалҳои Фарзона аксаран таҳти таъсири Симинанд. На танҳо Фарзона, балки ба хеле дигар аз шоирони тоҷик шеъри Симин таъсир гузоштааст ва албатта нашри комили осораш бо хати кириллӣ дар Тоҷикистон ба насли наву ба шеъру ғазали имрӯзӣ ҳатман ки таъсир мегузорад, чун ба ҳар ҳол устоди ғазал шинохта шудааст ва ба беш аз 63 навъи вазни навро дар шеъри форсӣ эҷод кардааст, дақиқан дар шеъри мо таъсиргузор аст. “

Ҳарчанд маҳфилҳои фарҳангии Тоҷикистон борҳо хостаанд, Симини Беҳбаҳониро ба кишвар даъват кунанд, аммо бинобар масоили сиёсӣ ва ҳам вазъи сиҳатиаш ин шоираи маҳбуб натавонистааст, бо вуҷуди ошноии ғоибона бо Тоҷикистон ба кишвар сафар кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi