Ваколати се узви Маҷлиси Миллӣ қатъ карда шуд
Палатаи болоии Парлумони кишвар-Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ ваколати се нафар аъзояшро дар асоси аризаҳои худи онҳо пеш аз муҳлат қатъ кардааст.
Гуфта мешавад, инҳо Гулхоҷа Ҷангибеков, Султон Валиев ва Баҳриддин Солеҳов буда, пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколаташон ба сабаби ба кори дигар гузаштан ва иваз намудани ҷойи зист рабт дода мешавад. Қаблан Ғулхоҷа Ҷангибеков вазифаи ректори Донишгоҳи Хоруғ, Султон Валиев - мансаби раиси ноҳияи Восеъ ва Баҳриддин Солеҳов вазифаи раиси ноҳияи Ҳисорро ба уҳда доштанд.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар 33 аъзо дошта, 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президент таъйин менамояд ва собиқ Президенти собиқи кишвар ҳам ҳуқуқ дорад, ки узви доимии Маҷлиси миллӣ бошад.
«Рӯзгор»