08:15:32 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Раҳоии Эшони Сироҷиддин аз зиндон

Сироҷиддин Абдураҳмонов, машҳур ба "Эшони Сироҷиддин" аз зиндон раҳо шудааст. Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн ба мо гуфт, ки субҳи имрӯз Эшони Сироҷиддин аз зиндон раҳо шуд.

eshoni-sirojiddin 24062013Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, ки дар оғози соли 2010 ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯъи “Салафия” ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, дар зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд. Аз ин қабл Киромиддин Абдураҳмонови 23-сола, писари Эшони Сироҷиддин, ки низ ба иттиҳоми мушобеҳи падараш ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда ва ҳамроҳи ӯ дар зиндон ба сар мебурд, раҳо шуда буд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2010 Сироҷиддин Абдураҳмоновро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни мамнӯъи “Салафия” ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Ӯ тибқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне, ангезиши кинаву хусумати мазҳабӣ гунаҳкор дониста шуда буд.

Ӯ тобистони соли 2009  дар қатори ҳудудан чил тан аз намозгузорон дар як рейди муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар масҷиде воқеъ дар маҳаллаи “Зарафшон”-и шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

Салафия як ҷараёни мазҳабии нав дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш бо шеваи намозгузорӣ, яъне рафъи ядайну бо садои баланд омин гуфтан бо пайравони чор мазҳаби ислом, аз ҷумла ҳанафиҳо ихтилофи назар доштанд. Пайравони ин гурӯҳ тақрибан дар соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ рӯи масоили динӣ ба баҳс нишастанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости додситони кулл дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи амниятӣ фаъолияти Салафияро манъ кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi