23:31:58 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳалокати 1 афсар ва ҷароҳати 33 сарбоз дар садамаи "Камаз" дар Варзоб

Бар асари садамаи «Камаз»-и вобаста ба вазорати дифоъи Тоҷикистон, як афсар ба ҳалокат расида ва 33 тан маҷрӯҳ шудаанд.

sadama-24062013Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн ба мо гуфт, «Камаз»-и вазорати дифоъ, ки сарбозон ва афсаронро аз вилояти Хатлон ба вилояти Суғд мебурд, соати 14:00-и рӯзи якшанбе дар мавзеъи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб ба дарё сарозер шудааст. Ба гуфта ин манбаъ, дар натиҷа афсари вазорати дифоъ Баёнқул Холов ҳалок шуда, 33 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар "Камаз"-и вазорати дифоъ ҳамагӣ 36 сарбоз ва афсарон савор буданд.

Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки дар рӯбарӯи "Камаз"-и ҳомили сарбозон, як худрав пайдо мешавад ва ронандаи саросема шуда идораи мошинро аз даст медиҳад ва мошин ба дарё сарозер мешавад.

Пас аз рух додани ин ҳодиса кормандони Вазорати дифоъ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, сарбозони маҷруҳшударо ба Бемористони вазорати дифоъ ва бемористони Қаряи Боло интиқол додаанд. Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз доир ба ин ҳодиса хабарнома пахш хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi