06:37:05 23-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳагел ба чиниҳо ҳушдор дод

 Вазири дифоъи ИМА Чак Ҳагел бо маҳкум намудани ҳамлаҳои интернетии хакерҳо чиниҳоро ҳушдор дод. Вазири дифоъи Амрико, ки дар Сингапур дар як ҳамоиши амниятӣ сухан мегуфт, изҳор дошт, ки Амрико аз хатарҳои фазоянда ба шабакаҳои мухобиротиаш нигарон аст ва баъзе аз ин ҳамлаҳо кори дасти онҳоест, ки бо ҳукумат ва артиши Чин иртибот доранд.

Чак Ҳегел дар ин суханронӣ давлатҳои қораи Осиёро дилпур кард, ки бо вуҷуди коҳиши буҷаи низомӣ, Амрико нерӯву киштиҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангиашро дар ҳавзаи Уқёнуси Ором ҷойгир хоҳад кард. 

Қарор аст президенти Амрико Барак Обама дар мулоқот бо ҳамтои чиниаш Хи Ҷинпинг, ки рӯзҳои 7 ва 8 июн дар иёлоти Калифорния баргузор мешавад, канори масоили дигар ҳамлаҳои кибернетикиро низ баҳс кунад. 

Маврид ба ёдоварист, ки хакерҳои чинӣ ба маводҳои махфии беш аз 20 коркарди ҳарбии ИМА даст ёфтанд ва онҳоро аз ҳофизаи компутарҳои амрикоӣ рабуданд. Тибқи ҳисоботе, ки ба вазорати мудофиаи ИМА пешниҳод шудааст, хакерҳо метавонистанд нақшаи тайёраҳои ҳарбии муосир ва киштиҳои низомӣ, ҳамчунин, сипари зиддимушакиро, ки дар қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ва як қатор мамолики Аврупо, Осиё, кишварҳои халиҷи Форс мавҷуд аст, дастрас кунанд.

Бино ба навиштаи The Washington Post, мутахассисони амрикоӣ баъди шиносоӣ ба рӯйхати маълумоти дастраскардаи чиниҳо ва эҳтимолияти зарар ба мудофиаи мамлакат ба даҳшат уфтодаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, бо дастёбӣ ба технологияи пешрафтаи амрикоӣ Чин дар бунёди силоҳҳои ҳарбӣ бартарият пайдо мекунад. Маводҳои дуздидашуда ба Чин имкон медиҳанд, ки миллиардҳо доллари дар кашфи силоҳҳои нав ҷудошударо сарфакорӣ кунад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi