00:51:40 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Садамаи маргбор ҷони журналистро рабуд

 Садамаи нақлиёт ҷони хабарнигори "Тоҷикистон" ва сомонаи Pressa.tj. дар вилояти Суғд Барно Абдураҳмоноваро рабуд. Ин ҳодисаи мудҳиш шаби 30 май дар наздикии театри Ҷавонони пойтахти кишвар рух дод. 

Бино ба иттилои  БДА-и шаҳри Душанбе тақрибан соатҳои 22-20 дақиқаи бегоҳирӯзӣ автомашинаи сабукрави тамғаи «Леганзе», бо рақами давлатии ЕН 84-74 РТ-01, ки аз ҷониби Усмоналӣ Рустамов идора карда мешуд, қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба канори роҳ баромадааст ва бо суръати баланд ба пиёдагардон бархӯрдааст.

Ду тан аз ин зарардидагон, ки Барно Абдураҳмонова яке аз онҳо буд, ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуданд. Журналисти тоҷик баъди ду соати фоҷеа дигар ба худ наёмада ҷон месупорад ва ҷабрдидаи дигар, ки сокини ноҳияи Исфара будааст, дар ҳоли вазнин дар шӯъбаи эҳёгарии бемористон мехобад.  

Ахиран Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз афзоиши марги ноболиғон бар асари садамаҳо изҳори нигарон карда буд. Дар давоми 5 соли охир ва се моҳи аввали соли равон дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон 7920 ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 2 355 нафар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба ҳалокат расиданд. Аз ин ҳисоб 20 дар сади фавтидагонро наврасони то синни 16-сола ташкил медиҳанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар маросими ифтитоҳи озмуни 3-юми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» суханрон мекард, гуфт аз ним зиёди ҳодисаҳои нақлиётии ба қайд гирифташуда бо айби ронандагони синну солашон то 28-сола содир шудааст, ки дар натиҷа 1184 нафар ба ҳалокат расида, 5278 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi