01:50:40 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сарвазир зарари бетартибиҳои оммавиро 4 миллион доллар эълон кард

Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев зарари расида аз бетартибиҳои оммавӣ, ки ҳафтаи гузашта дар ин кишвар воқеъ шудааст, баробар ба 4 миллион доллари амрикоӣ эълон кардааст.

Жанторо Сотиболдиев, ки бо сокинони вилояти Иссиқкул сӯҳбат мекард, гуфт: "Зарари расида ба ширкати «Kumtor Operating Company» дар ҷараёни гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот чор миллион доллари амрикоист".  Аз сӯи дигар вай эълон кард, ки рӯйдодҳои Иссиқкул боиси коҳиши сайёҳони хориҷӣ ба кишвар шуд, ки зарари он ҳанӯз ҳисоб нашудааст. 

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи сешанбеи гузашта садҳо тан аз сокинони Иссиқкул роҳеро, ки ба самти Кумтор-калонтарин кони тиллои мамлакат мебурд, масдуд карданд. Ширкаткунандагони тазоҳурот хостори таҷдиди назар дар созишнома бо ширкати канадиёии Centerra Gold шуданд, ки 100% саҳмияҳои кони тиллоро дар дасти худ нигоҳ медорад. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки ин ширкат дар бунёди бемористон саҳм бигирад. Ба андешаи тазоҳуркунандагон ширкат муҳити зистро олуда кардааст ва пайи бехатарии саломатии мардум ибтикороте аз худ нишон намедиҳад.

Шаби ҷумъа пулис тазоҳуркунандагонро пароканда намуд ва ҳудудан 100 нафар мавриди боздошт қарор гирифтанд. Субҳи рӯзи дигар сокинони маҳалл дубора гирди ҳам омаданд ва ин бор теъдоди онҳо ба маротиб бештар аз аввал буд. Онҳо дар наздикии деҳа садҳо тан кормандони пулисро дар муҳосира гирифтанд ва ба сӯяшон сангандозӣ карданд. Бар асари бархӯрдҳо наздик ба 20 корманди пулис захм гардид.

Рӯзи ҷумъаи гузашта президенти Қирғизистон дар қаламрави ноҳияи Ҷети Оғузи ин вилоят вазъи фавқулодда эълон кард. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi