05:23:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Шӯрои ҲНИТ: Боздошти Зайд Сайидов иқдоми ҳадафмандона аст

Шӯрои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо пахши изҳороте боздошти Зайд Саидов, раиси гурӯҳи мубтакирони ҳизби "Тоҷикистони нав" -ро як иқдоми "сирф сиёсӣ" хондааст ва онро муғойир бо қавонини кишвар ва фарҳангӣ сиёсӣ донистааст.

islampolitparty 20052013Дар изҳороти ҳизб таъкид шудааст: "Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти раҳбари гурӯҳи муассисони ҳизби "Тоҷикистон нав” ва вакили маҷлиси шаҳрӣ, Зайд Саидовро як амали сирф сиёсӣ ва ҳадафмандона, инчунин мухолиф ба қонунгузории кишвар ва фарҳанги сиёсӣ медонад. Ба ҳабс гирифтани вакили маҷлиси шаҳрӣ бе бекор кардани ваколати ӯ ва бе исботи додгоҳии иттиҳомот, нишонаи яктарафа ва ғаразнок будани худи эъломи парвандаҳои ҷиноӣ ва рафти тафтишот мебошад.”

Ин ҳизб аз масъулони зиддахли давлатӣ даъват кардааст, ки дар муносибат бо Зайд Саидов ҳуқуқи шаҳрвандии вай ва ҳуқуқи ӯ ба унвони вакили маҷлиси шаҳри Душанберо риъоят кунанд. Тибқи хабари дафтари матбуъотии ин ҳизб, Шӯрои сиёсии ин ҳизб, рӯзи душанбеи 20 май доир шуд вазъи сиёсии кишварро баррасӣ карда ва онро ҳассос арзёбӣ кардааст.

Ҳамчунин аъзои шӯрои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз масъулони давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаи маданӣ даъват кардаанд, ки фарҳанги таҳамулпазироӣ, муколама ва эҳтироми мутақобилро дар ҷомеъа таҳким бахшанд ва нагузоранд, ки вазъи ороми кишвар дар остонаи тадобири муҳими сиёсӣ ноустувор шавад.

Дар изҳороти ҲНИТ бо ёдоварӣ аз солҳои баъд аз ваҳдати миллӣ ва дастарӣ ба демукросии нисбӣ, омадааст, ки дар солҳои ахир раванди демукросӣ дар кишвар хадашадор шудааст. Аз ҷумла Шӯрои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ворид кардани фишор ва таъқиб ба намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистонро аз авомиле медонанд, ки боъиси нигаронии онҳо шудааст.

Аз сӯйи дигар изҳороти ҳизб, муттаҳам шудани Зайд Саидов ба ҷароими мухталиф баъд аз эъломи таъсиси ҳизби сиёсӣ аз сӯйи вайро, яке дигар аз нишонаҳои нақзи қонун дар давлати Тоҷикистон медонад. Шӯрои ҲНИТ изҳор кардааст, ки "Чаро солҳои тулонӣ дар бораи қонуншикании ӯ (Саидов) аз забони мақомот ҳарфе садо намедод ва мақомот "камбудиҳо"-и ӯро ошкор накарданд?"

Дар ҳамин ҳол субҳи имрӯз, Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон низ бо пахши баёнияе аз боздошти Зайд Саидов шадидан интиқод кард ва гуфт, ки боздошти як вакили маҷлиси намояндагон нақзи қонуни Тоҷикистон будааст. Аммо баъд аз зӯҳри имрӯз, вакилони Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии худ Зайд Саидов, намояндаи ин маҷлисро пас аз боздошти мақомоти мубориза бо фасод аз масъунияти вакилӣ салб кардаанд.

Боздошти Зайд Сайидов пас аз иқдоми ӯ ба таъсиси ҳизби сиёсӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки гурӯҳҳои сиёсӣ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ омодагӣ мегиранд. Оқои Саидов пас аз эъломи тасмим бар таъсиси ҳизб иҳзор дошт, ки ҳадаф надорад ҳизбаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi