20:58:22 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"i2" қочоқбаронро ошкор мекунад

Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон барои ошкор кардани шабакаҳои қочоқбар, барномаи вижаи «i2»-ро роҳандозӣ кардааст. Ин барнома сароғоз аз сӯи Оҷонсии назорати маводи мухаддир дар Раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ фаъол шудааст.

binoi-vazorat-16052013Саъдулло Раҳматуллоев, раиси Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати маводи мухаддир рӯзи 16-уми май ба мо гуфт, ки «i2» як барномаи махсуси компютерӣ буда, гуфтугӯҳои телефонии афродеро, ки дар хусуси қочоқ ва муомилаи маводи мухаддир робитаи телефонӣ карданд, мушаххас менамояд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматуллоев, ин барнома барои ошкор кардани шабакаҳои қочоқбар дар дохили кишвар имкони васеъ медиҳад.

Вай гуфт, ки бо ба роҳ мондани барномаи мазкур, кормандони Шӯъбаи таҳлилии Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ метавонанд аз маъхази омори дохилӣ истифода бурда, гуфтугӯҳои телефониро ҳангоми гузаронидани амалиётҳо таҳлил намоянд.

Ба гуфтаи мутахассисони Оҷонсии маводи мухаддир, «барномаи i2 дар доираи қонунгузориҳои кишвар амал намуда, ба унвони мисол телефони як нафари қочоқбарро месанҷанд ва мебинанад, ки вай бо чанд нафари дигар иртиботи телефонӣ доштааст ва ҳамчун гумонбар афроди иртиботдошта мавриди пурсиш қарор дода мешаванд.»

Оҷонсии назорати маводи мухаддир "i2"-ро аз барномаи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид дарёфт намуда, тасмим гирифтааст онро дар ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ васл намуда, як системаи ягонаро созмон диҳад.

Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии транзити маводи мухаддири Афғонистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҷумҳурӣ бо Афғонистон, ки тахминан 80 дар сади афюн ва ҳероини оламро тавлид мекунад, наздик ба 1300 киолометр (749 мил) марзи муштарак дорад.

Ба навиштаи департаменти давлатии ИМА, ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир ба рушди фасод дар тамоми сатҳҳои ҳукумати Тоҷикистон кӯмак расонда, манбаи муҳими даромади ҷангҷӯёну террористон дар Афғонистон аст.

Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҷинояти муташаккилонаи СММ (UNODC) тахмин мекунад, ки солона аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ то 90 тонна маводи мухаддир қочоқ мешавад, ки аз ин байн аз 75 то 80 тоннаи он тавассути Тоҷикистон мегузарад. Ҳарчанд мақомоти тоҷик ба ин омор розӣ нестанд ва мегӯянд ин рақамҳо тахминӣ ҳастанду касе ҳисоб накардааст, ки воқеан тавассути масири шимолӣ чӣ миқдори маводи мухаддир қочоқ мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi