12:32:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

Вокунишҳо ба боз шудани парванда алайҳи Зайд Саидов

Маҳофили коршиносии Тоҷикистон ба боз шудани парванда алайҳи раҳбари Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав Зайд Саидов, вокуниш нишон доданд.

oynihol-bobonazarova-130520Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 11-уми май бо пахши як санад аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, ки ахиран бо эълони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" вориди саҳнаи сиёсӣ шуд, хабар дод. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик мегӯяд, агар дастури боз шудани парванда алайҳи Зайд Саидов аз боло бошад, ин бар зарари ҳукумати Тоҷикистон аст ва ҳукумат рӯз то рӯз тарафдорони худро аз даст медиҳад.

Хонум Бобоназарова ба ин назар аст, ки агар Додситонӣ талош мекунад, ки алайҳи чунин ашхос амал намояд, бояд бар рӯи қонунгузории кишвар амал кунад ва алайҳи афроде, ки масалан ба соҳибкор Зайд Саидов таҳдид карданд, парванда кушоянд, на ин ки алайҳи як нафаре, ки барои беҳбуди кишвар талош дорад,  айбҷӯӣ намояд.

Ин ҳуқуқдони тоҷик гуфт, "ман руйхати аъзои ин ҳизбро дидам, ки дар ҳизби «Тоҷикистони нав» чеҳраҳои барҷаста, олимони шинохта ҷамъ шудаанд ва ҳадафи онҳо кӯмак ба ҳамин давлат ва ба ҳамин ҷомеа мебошад. Дар он ҳизб иқтисоддонҳои шинохта ва шоиста ҷамъ шудаанд. Агар ҳукумат ҳамин тавр бархӯрд кунад, ин хилофи қонунунгузории худи Тоҷикистон ва хилофи меъёрҳои байналмиллалӣ аст.

Ба назари Исмоил Раҳматов, коршиноси тоҷик ва устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия: «Фазои муборизаи сиёсӣ ҳамин аст, мухолифони ин ҳизби нав намехоҳанд, ки дар саҳнаи сиёсӣ дар остонаи интихоботи президентӣ боз як рақиби дигар дошта бошанд. Инро натанҳо ҳизби Халқӣ демократӣ намехоҳад, шояд мавқеи ҳизбҳои дигар низ ҳамин бошад. Ман ҳайронам, ки чаро масъулини ин ҳизб ду сол қабл ҳизби худро созмон надоданд, маҳз чанд моҳ қабл аз баргузории интихоботи президентӣ онро таъсис додаанд ва боз мегӯянд, ки онҳо дар иинтихоботи президентӣ ширкат намекунанд. Шояд ин як тактикаи ҳукумат ва намояндагони ҳамин ҳизб бошад, ман ҳамин хел фикр мекунам».

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi