02:58:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Раҳимов: 'Афроде дар пайи халалдор кардани осудагии мардум ҳастанд'

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд ҳанӯз "афроде ҷудогона алоқаманд ба халалдор кардани субот дар минтақаи Рашт ҳастанд."

Ба навиштаи сойти вазорати кишвари Тоҷикистон, оқои Раҳимов ин мавзӯъро дар мулоқоташ бо кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар минтақаи Рашт матраҳ кард. Ӯ гуфт: "Нахустин вазифаи кормандони ниҳодҳои умури дохила пешгирӣ аз чунин амалҳо, муъайян ва дастгир намудани ин шахсон мебошад."

Ба навиштаи ин сойт, вазири кишвар бори дигар аз мавзӯъи ҷанҷолбарангези таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ ёдовар шуд. Вай гуфт: "То ҳанӯз дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намудани ҷавонон ҷой дорад, кормандони ниҳодҳои умури дохила, ниҳодҳои иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоъатҳо ва муъассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои ба Ватан баргардондани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд."

Вазири умури дохила рӯзҳои 4-5 май дар навоҳии минтақаи Рашт ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Навобод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол бо кормандони ниҳодҳои интизомӣ мулоқотҳо дошт.

Ӯ ҳамчунин ба аҳаммияти байналмилалии интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ таъкид карда ва аз пулис хостааст, барои ин рӯйдоди сиёсӣ омода бошанд.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи рӯзи 30-юми апрел дар Душанбе низ дар бораи аҳаммияти таъмини субот дар ҷараёни баргузории интихобот суҳбат карда ва гуфта буд, ки кормандони ин ниҳод дар ҳолати зарурӣ зиндагии худро барои ҳифозат аз “сохти ҷамъият ва давлат” дареғ нахоҳанд дошт.

Вай дар суханоронии худ дар он ҷаласа аз савганди пулиси тоҷик, ки замони истихдом ба кор ёд мекунад, ёдовар шуда ва гуфт, ки дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шудани ду тадбири аслӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба хидмати содиқонаи пулис бастагӣ доштааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi