05:42:28 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 29 30 31    

«Шери тоҷик” дар сабқати бокси ҳирфаӣ боз пирӯз шуд

Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар қувваозмоии 18-уми худ дар бокси ҳирфаӣ бар рақибаш Cтанислав Леонови литовӣ ғалаба кард. Дар ин қувваозмоӣ, ки дар шаҳри Пскови Русия барпо гардид, муштзани тоҷик рақибашро дар раунди дуюм бо накаут пеш аз мӯҳлат шикаст дод.

sheri-tojik-3052013Дарвоқеъ, ин дувумин ғалабаи Шералӣ дар мавсими имсола мебошад. Ӯ моҳи феврали соли равон бар рақибаш Евгений Фёдорови латвиягӣ дастболо шуда буд. Дар ин қувваозмоӣ, ки дар шаҳри Великий Новгороди Русия барпо гардид, баъди анҷоми сабқати ҳаштраунда доварон якдилона муштзани тоҷикро ғолиб донистанд.

Шералӣ Маҳмадалиеви 31-сола, ки соли 2010-ум соҳиби камарбанди WBO EUROPEAN ва PABA (Созмони урупоии Ташкилоти ҷаҳонии бокс) дар вазни ниммиёна гардида буд, ду сол муқаддам унвонашро аз даст дод. Ӯ барои нигоҳ доштани ин унвон дар шаҳри Юрмалаи Латвия бо рақибаш Алексей Евченкои русиягӣ мубориза бурд. Довар дар раунди 11-ум, пас аз ҳуҷуми навбатии тӯлонӣ қувваозмоиро қатъ кард ва муштзани русиягӣ бо нокаути фаннӣ ғолиб дониста шуд.

Шералӣ Маҳмадалиев, ки дар бокси ҳирфаӣ бо лақаби “Шери тоҷик” маъруф аст, аз соли 2008-ум ҳамагӣ 18 қувваозмоӣ карда, дар 16-тоаш (9-тоаш бо нокаут) пирӯзӣ ба даст овардааст ва дар ду қувваозмоӣ (яктоаш бо нокаут) мағлуб гаштааст.

Мураббии варзидаи бокс Додобек Фатҳуллоев, устоди Шералӣ Маҳмадалиев, дар сӯҳбат бо мо дар бораи шогирдаш чунин гуфт: “Шералӣ 6-уми майи соли 1981 дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Вай дастпарвари мактаби варзишии кӯдакону наврасони рақами 2-и Исфара мебошад.

Ба бокс аз синни 10-солагӣ машқ мекунад. Қаҳрамони бисёркаратаи бокси Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё ва Аврупо дар бокси касбӣ мебошад. Вай мақсад дорад, ки қаҳрамони ҷаҳон шавад. Ӯ аз соли 2007-ум дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi