20:23:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

Даргузашти Абдуҷаббор Сатторов

 Абдуҷаббор Сатторов, собиқ арбоби ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ 2-майи соли 2013 бар асари бемории сактаи дил дар синни 68-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.

1.abdujabbor-sattorovДар гирдиҳамоие, ки пеш аз маросими ҷаноза дар ҳавлии марҳум, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони ақшори мухталифи ҷомеъа ширкат варзиданд. Митингро бо сухани муқаддимавӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории пойтахт ба номи Садриддин Айнӣ кушод. Ӯ дар суханронии худ марги марҳумро талафоти сангине барои илму маорифи кигшвар арзёбӣ карда ба пайвандони ӯ аз Худованди бузург сабри ҷамил хост. Абдуҷаббор Раҳмонов аз ҷумла иброз дошт, ки марҳум соли 1946 дар деҳаи Кангурти вилояти Хатлон чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушода соли 1967 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгори забони русӣ хатм кардааст.

Сипас дар ҳамин Донишгоҳ муддати панҷ сол ба ҳайси омӯзгор ифои вазифа намудааст. Аз соли 1973 ба корҳои сиёсиву ҷамъиятӣҷалб карда мешавад.

Аксҳо аз маросими ҷанозаи Абдуҷаббор Сатторов

Ӯ аз котиби комсомолии як Донишгоҳ то ба Котиби аввали Кумитаи Марказии Комсомоли Тоҷикистон, ки дар замони шӯравӣ яке аз симматҳои хеле бонуфузи партиявӣ ба ҳисоб мерафт, месабзад. Чанд муддат ба ҳайси котиби аввали Ҳизби Коммунисти ноҳияи Совет, ки феълан ба ноҳияи Темурмалик тағйири ном кардааст, ифои вазифа намудааст.

Дар замони шӯравӣ котиби аввали ҲКТ-и ноҳия дар асл раиси ноҳия ба ҳисоб мерафт.Солҳои 1985-1986 дар вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе кор кардааст. Баъди ин ду сол дар кумитаи партиявии вилояти Кӯлоб ба ҳайси нозир (инспектор) адои вазифа мекунад. Соли 1988 ӯро ҷонишини вазири маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунанд ва то соли 1991 дар ин вазифа фаъолият мекунад. 

Пеш аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторов дар вазифаи Раиси кумитаи спорт ва сиёсати байни ҷавонои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ӯ ба вазифаи ҷонишини вазири маорифи ҶТ таъин мешавад ва дар ин вазифа то соли 1996 кор мекунад.

Аз соли 1996 то соли 2004 ӯ ба ҳайси ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва аз соли 2004 то дами марг аввал мудир ва баъдан профессор-мушовири кафедраи Таърихи ватании ҳамин Донишгоҳ шуда кор кардааст. Аз моҳи октябри соли 1998 ӯ академики илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия интихоб мешавад.

Дар митинги мотам Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи ҶТ, Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Ҷӯрабек Назриев, узви вобастаи АИ ҶТ, Сайдали Муҳиддинов, мудири кафедраи таърихи ватании Донишгоҳи славянӣ зикри хайри марҳумро карданд.

Дар ҷамъи онҳое дар ин гирдиҳамоӣ ширкат намуданд, хешу таборон, собиқ дӯстону ҳамкорони марҳум аз ҷумла собиқ вазири корҳои хориҷии ҶТ, академик Талбак Назаров, собиқ вазирони маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ Мунира Иноятова, Султон Мирзошоев, собиқ котибони КМ ҲКТ Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Воҳидов, собиқ котибони якуми КМ комсомоли Тоҷикистон Раҳмон Ӯлмасов, Одилҷон Ёқубов, собиқ муовини сарвазир и ҳукумати Тоҷикистон Г. Кошлаков, генералҳои мустаъфӣ, собиқ муовинони вазири холатҳои фавқулоддаи ҶТ Абдураҳим Раҷабов, Ислом Усмонов, собиқ фаъолони комсомоли Тоҷикистон Фаттоҳ Файзуллоев, Бобохон Исмоилов, муовини раиси КМ ҲХДТ Сафар Сафаров, Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода, вазири меҳнат Муҳаммадамин Муҳаммадаминов ва дигарон буданд.

Намози ҷанозаи марҳум Абдуҷаббор Сатторов дар масҷиди ҷомеъи Сари Осиёи шаҳри Душанбе гузошта ва ҷасади ӯ дар қабристони Сари Осиё ба хок супорида шуд.

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор ба аҳли хонаводаи марҳум тасаллият иброз дошта, дуо мекунанд, ки рӯҳи марҳумро Худованд шод гардонда, дар ин мусибат ба аҳли оила ва пайвандони ӯ сабри ҷамил бидиҳад. Омин ё Раббалъоламин!

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi