16:30:24 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲНИТ мегӯяд, «nahzat.tj» масдуд аст. Бег Зуҳуров рад мекунад

Масъулини ҲНИТ мегӯянд, аз як ҳафта ба ин тараф сомонаи «nahzat.tj» дар қаламрави кишвар масдуд аст ва сарфи назар аз муроҷиати онҳо, мақомот посухе надодаанд.

hizbi-nahzat

Ҳикматулло Cайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 1-уми май ба мо гуфт, ки аз таърихи 25-уи апрел ба ин тараф сайти "nahzat.tj" боз намешавад ва онҳо аз тариқи барномаи интернетии «проксия», вориди сомона мешаванд.

Сомонаи «nahzat.tj»-ро ширкати «Тоҷнет» бо интернет таъмин мекунад, аммо ба қавли намояндагони ҲНИТ, борҳо ба ширкатҳои мухталифи фароҳамкунандаи интернетӣ муроҷиат кардаанд, аммо сабаби масдуд шудани онро то ҳанӯз шарҳ надодаанд. Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, ки масдуд шудани сомонаи онҳо мушкили фаннӣ надошта, балки бо дастури кадом ниҳоди давлатӣ, қатъ шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз, чаҳоршанбеи 1-уми май ба мо гуфт, ки аз баста шудани кадом сомона, аз ҷумла сайти «nahzat.tj» хабар надорад ва ба провайдерҳо низ чунин дастурро надодааст. Вай афзуд, ки борҳо бинобар мушкили техникӣ сайтҳо масдуд мешаванд, вале журналистҳо фикр мекунанд, ки кори дасти Хадамоти алоқа аст.

Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фарзия пеш меорад, ки сомонаи онҳо қабл аз баргузории таҷили 40 солагии таъсисёбии ҳизб ва ба хотири тариқи онлайн инъикос накардани ҷараёни ин маросим, баста шудааст.

Вале Анҷумани дастракунандаи интернетии Тоҷикистон мегӯяд, ки агар сомонаи «nahzat.tj» дар қаламрави Тоҷикистон масдуд мешуд, дар ҳамаи провайдерҳо имкони дастрасӣ ба он номумкин буд. Ҳоло аз тариқи «Телеком технологӣ» ва «Бабилон» ба роҳатӣ метавон вориди сомонаи "nahzat.tj" шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi