21:23:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боз як хуршед моро тарк гуфт…


Шаби 8-уми апрел бар асари бемории сактаи қалб Пайванди Гулмуродзода, олими шинохтаи  то
ҷик ба ҷавори Ҳақ пайваст. Пайванди Гулмуродзода соли 1956 дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Узбекистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1973 баъди хатми мактаби миёна ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳии Миллии Тоҷикистон дохил шуда онро  соли 1978 бо тахассуси рӯзноманигор хатм намуд.

janoza-payvand-09042013Пайванди Гулмуродзода  то рӯзи вафоташ дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар симматҳои гуногун, аз муаллими оддӣ шурӯъ карда то декани факулта ифои вазифа намудааст. Дар ин байн ӯ се сол (солҳои 1986-1989) дар Донишгоҳи давлатии Маскав  ба ҳайси аспирант таҳсил намуда, дар мавзӯи «Ташаккули публисистикаи шӯравии тоҷик» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Пайванди Гулмуродзода дар матбуоти тоҷик яке аз журналистони хеле фаъол ба ҳисоб мерафт. Мақолаҳои публисистии ӯ мавзуҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро инъикос мекарданд.Ӯ беш аз 10 китобу рисолаи публисистиву таълимӣ навиштааст.

Дар маросими намози ҷанозаи Пайванди Гулмуродзода, ки нисфирӯзии 8-уми апрел дар яке аз масоҷиди макони истиқоматиаш деҳаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ, баргузор гардид, ҳамкорону шогирдон, рӯзноманигорон ва дигар қишрии ҷомеъа ширкат варзида аз ӯ ба некӣ ёд карданд.

janoza-payvand-090413Профессорон, олимони маъруфи кишвар Иброҳим Усмонов, Қаҳҳор Расулов, Абдусаттор Нуралиев ва яке аз ҳамсабақони марҳум, донишманди маъруф Қиёмиддин Сатторов зикри хайри ӯро намуда марги Пайванди Гулмуродзодаро як талафоти сангине барои илму фарҳанги тоҷик арзёбӣ карданд. 

Имом хатиби масҷиди деҳа аз Пайванди Гулмуродзода, ба ҳайси як намозгузори фаъол, ки ҳамеша  дар масҷид бо ҷамоат ниёиш менамуд, ёд кард. Ба гуфтаи ӯ Пайванди Гулмуродзода баъди адои маносики Ҳаҷи хонаи Худо, ки ба он панҷ сол қабл мушарраф гардида буд, талош ба харҷ медод, ки амалҳои савоберо аз худ бештар боқӣ гузорад. Пайванди Гулмуродзода дар оромгоҳи деҳаи Чортут ба хок супурда шуд.

Ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» марги Пайванди Гулмуродзодаро барои аҳли хонавода ва наздикону пайвандонаш тасаллият арз намуда аз Худованди бузург барои онҳо сабри ҷамил ва барои марҳум биҳишти аднро таманно мекунад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi