13:08:33 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нерӯҳои Олмон ба Бадахшон баргаштанд


Вазири дифои Афғонистон гуфтааст, ки истиқрори Толибон дар вилояти Бадахшон, як чолиш ва таҳдиди бузург аст ва бояд то охирин паноҳгоҳи онҳо дар Варду
ҷ нобуд шавад.

saldat-06042013Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон, ки пас аз ақибнишинии Толибон аз деҳоти ноҳияи Вардуҷ ва поксозии 40 деҳа аз дасти онҳо, ба ин минтақа сафар кардааст, аз ҷумла гуфт: «Толибон ва террористон зарбаи шадид хӯрданд. Феълан поксозии мо дар Вардуҷ идома дорад ва мардум ҳам ваъдаи ҳамкорӣ доданд.»

Вазири дифои Афғонистон ба нерӯҳои афғон ва НАТО дастур додааст, ки амалиёти саркӯбии Толибон, ки ба кӯҳу дараҳо паноҳ бурдаанд, идома ёбад.

Дар ин миён расонаҳои байналмилалӣ аз бозгашти дубораи нерӯҳои НАТО ба вилояти Бадахшон ва истиқори як воҳиди низоми сарбозони олмонӣ дар ин вилоят гузориш додаанд. Ин расонаҳо аз қавли фармондеҳи умумии НАТО дар шимоли Афғонистон гузориш додаанд, ки вазъи амниятӣ дар вилояти Бадахшон ҷиддӣ аст ва ноамниҳо дар ин вилоят як чолиш мебошанд.

Ин генерали олмонӣ гуфтааст, ки мақомҳои амниятии афғон аз НАТО тақозои ҳимоят намудаанд ва бар ҳамин асос, як воҳиди низомии сарбозони олмонӣ дубора дар Бадахшон мустақар гардиданд ва дар амалиёти Вардуҷ нерӯҳои афғонро кӯмак карданд.

Дар ин миён мардум ва мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшон ширкати сарбозони олмонӣ дар амалиёти заминии Вардуҷ ва бамборони ҳавопаймоҳои НАТО, ба вижа бамафканҳои амрикоӣ дар амалиёти муштараки афғон ва НАТО-ро таъйид карданд

Давлатмуҳаммад Ховар, раиси ноҳияи Вардуҷ гуфт: «Олмониҳо омаданд дар мактаби Сари Пул, дар Об Чол ҳамроҳи артиши миллӣ якҷо буданд, кӯмак мекарданд. Машварат мекарданд, аммо ҳавопаймоҳо аз амрикоиҳо ва НАТО буданд. Панҷ шаш амрикоиро дидам, як-ду бор ба қароргоҳи фармондеҳии амнияии Вардуҷ омаданд.»

Шаш моҳ пас аз хуруҷи нерӯҳои олмонӣ аз вилояти Бадахшон дар шимол-шарқи Афғонистон, ин вилоят шоҳиди густариши ноамниҳо ва тирборони сарбозони артиш аз сӯи Толибон дар вулусволии ноороми Вардуҷ ва ҳамлаҳои мусаллаҳона ба ноҳияҳои Ҷир ва Юмгон мебошад.

Вале бо таваҷҷуҳ ба наздик шудани фасли гармо, Толибон бо эҷоди гуруҳҳои хурд дар ноҳияиҳои Тагоб, Кишм ва дар минтақаҳое аз Яфталҳо ва ҳавзаи Роғ, мехоҳанд доманаи хушунатро ба ҳамаи ноҳияҳои Бадахшон бикашонанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi