19:09:05 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷамъомади эътирозӣ дар назди сафорати Амрико

 Даҳҳо нафар бо талаби бозгардонидани Абдумалик Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон, дар назди Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе тазоҳурот карданд.

etiroz-05042013Ин тазоҳурот соатҳои 16  то 17 пас аз зуҳри рӯзи ҷумъа бо ширкати даҳҳо нафар, ки дар байни онҳо занон камтар, аммо ҷавонон бештар  буданд, сурат гирифт. Тазоҳуркунандагон дар даст шиорҳои норозигӣ аз раҳоии Абдуллоҷонов, талаб мекарданд, ки сафири Амрико бо онҳо вориди гуфтугӯ шавад.

Ҳарчанд аз ширкаткунандагон пурсида шуд, ки онҳо кӣ ҳастанд ва мансуб ба кадом созмон ё гурӯҳ, дар посух бо овози баланд чунин садо мезаданд, «инҷо халқ омадааст, мефаҳмед, ҳама мардум ҷамъ шудагӣ аст. Мо намехоҳем, ки дигар ҳамон ҷангҳо такрор шавад. Барои ҳамин халқ омадагӣ аст.»

Ҳатто дар миёни ширкаткунандагони ин маърака бо як зани 62-сола вохӯрдем, ки ҳарчанд аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард, аммо гуфт, ки бо ихтиёри худ ба ин эътироз пайвастааст: «Интернетро тамошо кардам ва кӯдаконам гуфтанд, хеста омадам. Гуфтам ман низ меравам ҳамроҳ мешавам, биёранд Абдуллоҷоновро. Тоҷикистон биёранаш ва инҷо ҳал кунанд. Соли 1998 чи қадар фарзандора кушта буд!».

Аммо танҳо як нафар ҷавон, ки худро Комилҷон Қурбонов, донишҷӯи соли якуми бахши сиёсатшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон муаррифӣ намуд, ҳадафи ин эътирозро чунин шарҳ дод: «Мо худамон омадем, аз интернет дар бораи раҳоии Абдуллоҷонов фаҳмидем ва ҳадафи ин митинг он аст, ки Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон бидиҳанд. Украина бурданаш ё куҷое, ки бурдаанд, ба Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон бидиҳандаш.»

Аммо аз ӯ пурсидам, ки оё худи вай Абдулмалик Абдуллоҷоновро мешиносад ва чӣ иттилое дар бораи ӯ дорад, чунин ҷавоб дод: «Дар бораи Абдуллоҷонов аз фанни таърих хондем, ки қариб, ки ҷанги Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандиро ҳамин кас кардагӣ аст. Аммо ба чашм вайро надидем, чун он замон набудем, лекин дар таърих ҳаст ва хондаем, ки вай кӣ буд.»

Бо вуҷуди пурсишҳои зиёд, ширкаткунандагони тазоҳуроти назди сафорати ИМА дар Душанбе ба кадом созмон ё гурӯҳ мансуб будани худро нагуфтанд ва ба ин далел  ташкилкунандагони тазоҳурот низ номаълум боқӣ монд.

Аммо ин тазоҳурот тавассути неруҳои пулис ва амниятӣ назорат мешуд ва ҳатто ба гуфтаи ширкатдоронаш ду нафар аз шарикони онҳоро пулис боздошт карда бурдааст. Ҳамзамон бархе аз ширкаткунандагони эътироз гуфтанд, ки дар оғози ин маърака замоне, ки онҳо мехостанд, ба сӯи бинои сафорат раванд, афроди либоси низомӣ ба ин кор монеъ шуданд ва зане ба яке аз ин низомиён дарафтодааст.

Дар ниҳоят тазоҳурот замоне пароканда шуд, ки як нафар ба назди онҳо омад ва гуфт, дархости онҳоро ба намояндагони сафорат расондаанд ва бо таваҷҷӯҳ ба он ки сафири ИМА дар сафари хидматӣ будааст, пас аз бозгашт ба дархости онҳо расидагӣ мешавад. Ширкаткунандагон низ ин ҳарфро пазируфтанд ва пароканда шуданд. Аммо пас аз парокандашавӣ, шиору плакатҳои тазоҳуротгаронро пулис мусодира карда ва дар мошинашон ба куҷое бурд.

Дар Тоҷикистон бино бар Қонуни асосии ин кишвар, баргузории ҷамъомаду тазоҳурот озод аст, аммо нерӯҳои интизомӣ ҳама гуна талоши чунин маъракаҳоро аз лаҳзаи шурӯи онҳо саркӯб мекунанд.

Сарвазири пешини Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов дар аввалҳои моҳи феврали соли равон дар Украина боздошт шуд ва гуфта мешуд, ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд. Аммо рӯзи 4-уми апрел вай бо қарори додситонии Украина озод шуд ва ба ИМА баргашт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi