07:28:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶИЛДИ ДУВВУМИ ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК БА НАШР РАСИД

Дар остонаи Наврӯзи байналмилалӣ Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҷилди дуввуми китоби бисёрҷилдаи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик-ро ба нашр расонд.

Ин шоҳкитоби миллӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 сар карда, таълифу тадвинаш шуруъ шудааст, дар асоси меъёрҳои ҷаҳонии донишноманигории миллӣ сохта мешавад, яъне бештар аз 40 дарсади китоб бояд маълумотеро дар бар гирад, ки бавосита ё бевосита ба таъриху тамаддуни ҳамин миллат бахшида шуда бошад.

Ба гуфтаи сармуҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣҷилди дуввуме, ки ҳамакнун ба чоп расид, бештар аз 60 дарсади маълумоти миллиро дар бар мегирад. Китоби мазкур аз калимаи АСОС то БОЗ-ро фаро мегирад. Дар таҳияву тадвини он мақолоти бештар аз 300 нафар донишмандони соҳаҳои мухталифи мамлакат ва берун аз он истифода шудаанд.

Ҷилди дуввум нисбат ба ҷилди аввал пурратару комилтар ва бештар дар асоси меъёрҳои илмӣ тадвин гардидааст. Дар он тағйироти назаррасе, ки мутобиқи талаботи муосири донишноманигорӣ ворид шудаанд, ба қарори зайланд:

1. Шакли дусутунаи саҳифабандӣ (ба ҷои сесутуна) ҷорӣ шудааст, зеро дар таҷрибаҳои навтарини донишноманигории ҷаҳон ин тарзи саҳифабандиро беҳтар (махсусан дар ҷойгир кардани аксҳо) ва камхарҷтар (дар ҷобаҷошавии ҳарфҳо) дарёфта, мутолиаи онро низ барои чашм камзарартар донистаанд;

2. Ба алифбои ниёгон сабт намудани истилоҳоти асримиёнагии миллӣ ва адабиёти истифодашудаву осори мунташира аз нав таҷдид гардидааст;

3. Аксҳои ашхос, чунонки талаботи навтарини донишноманигории ҷаҳон аст, танҳо бо рангҳои сиёҳу сафед оварда шуда, андозаи сураташон низ бузургтар шудааст;

4. Ҳар як дусадсаҳифагӣ бо як намуди ранг ва дар он навиштани масофаи байни ду калима ҷорӣ дошта шудааст. Ин ба хотири зудтар ёфтани калимаи лозимӣ ва камтар варақгардон кардани китоб ва бад-ин восита дертар фарсудашавии он ба роҳ монда шудааст;

5. Дар донишнома аввалин бор чоп намудани аксҳои деҳоти таърихӣ ва зебову аҷиби мамлакат ҷорӣ шудааст. Бад-ин восита ҷойҳои дидании Тоҷикистон барои ҷаҳониён муаррифӣ мегардад, зеро дар оянда нақшаи ба дигар забонҳои маъруфи дунё тарҷума кардани ин китоб дар назар дошта шудааст;

6. Номи истилоҳоти энсиклопедӣ бо ранги сурхи ҷигарӣ, ки ба воситаи он ёфтани калима мусоидтар аст, сабт гардидааст;

7. Ба забони давлатӣ навиштани чандин истилоҳот, ки қаблан бо забонҳои ғайридавлатӣ навишта мешуданд, ба роҳ монда шудааст. Аммо ба хотири ба ҳам зид омадани ақоиди донишмандон дар тарҷумаи истилоҳот истилоҳоти мавриди баҳс дар ҳар ду шакли маъмул (яке дар қавсайн) навишта шудааст;

8. Тамоми истилоҳоти динӣ ворид шудаанд.

 Китоб қабл аз ба нашр расидан аз ҷониби Шӯрои илмии махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табъу нашри ин китоб аз ҳисоби маъруфтарин донишмандони мамлакат таъсис додааст, муҳокима шуда, ба нашри он иҷозат дода шудааст.

 «Ховар» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi