16:59:35 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИНТИҚОДИ RWB АЗ "СОНСУРИ ОММАВӢ"-И ИНТЕРНЕТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Созмони хабарнигори бидуни марз ва ё RWB дар гузориши тозаи худ аз сонсури оммавии интернет дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

/images/stories/2013/03/12_internet-enemies-120313.jpgДар гузориши Созмони Хабарнигорони бидуни марз мақараш дар Порис омадааст, ки соли 2012 бархе аз сомонаҳои серхонанда дар Тоҷикистон ба маҳдудият рӯбарӯ шуданд. Аз ҷумла дар ин гузориш ба баста шудани сомонаҳои Азия Плюс, РИА Новости, Lenta.ru, Fergananews.com, Centrasia.ru, торнамои Бӣ-Бӣ-Сӣ, ва ҳамчунон торнамои Youtube ва шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" ишора шудааст.

Гузориши Созмони хабарнигорони Бидуни марз мегӯяд, ки дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар мавриди баста шудани торнамоҳое, ки дар мавзӯҳои ҳассос менависанд, ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.

Ба дунболи амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ дар тобистони соли гузашта, мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Аз ҷумла сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд. Дар ин миён дастрасӣ ба чанд расонаи русӣ ва ВВС ҳам муваққатан қатъ шуд.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз ба дунболи ҳодисаҳои Хоруғ бо пахши изҳороте гуфта буд, ки Тоҷикистон бо қатъи дастрасӣ ба баъзе сомонаҳои интернетӣ, худро ба рӯйхати кишварҳои “душмани интернет” наздик кардааст.

Ин созмон гуфта буд, Тоҷикистон бо мунтазам сонсур кардани интернет дар як радиф бо ҳамсояи худ Қазоқистон қарор гирифтааст ва дар ниҳояти амр метавонад дар як радиф бо Узбакистону Туркманистон ҷой бигирад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi